Бахшҳо
03 окт 2014 14:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ, ки имрӯз, 3 октябр ба муносибати Иди Қурбон дар назди бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, сокинон барои харидории гӯшти гов навбат мепоиданд.

Чанд тан аз сокинон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, танҳо дар ҳамин нуқтаи гӯштфурӯшӣ нархи як килло гӯшти гов 33 сомонӣ аст. Ба гуфтаи онҳо, дар дохили бозор гӯшти гов чун ҳаррӯза 36 сомонӣ нарх дораду аз ин ҳам гарон мешавад.

“Агар дар нуқтаҳои гӯштфурӯшии дигар ҳам монанди ин ярмарка нархи гӯшт 33 сомонӣ мешуд, хубтар буд. Инҷо одам хеле зиёд аст”,-гуфт як сокини шаҳри Душанбе.

Хабарнигори “Озодагон”, ки аз ин ярмарка дидан кард, мегӯяд, нархи маҳсулот дар қиёс ба дохили бозори “Шоҳмансур” нисбатан арзонтар аст: “Масалан, як халта орди навъи якуми Қазоқистон 137 сомонӣ нарх дорад, дар ҳоле ки онро дар бозор 150-155 cомонӣ мефурӯшанд. Як килло ангур дар бозор аз 8 то 20 сомонӣ аст, дар ярмарка аз 5 то 7 сомонӣ”.

Харидорон ба хабарнигори “Озодагон” гуфтаанд, дигар навъи маҳсулот, аз қабили шакар, биринҷ, равған ва пиёзу картошка низ дар ярмарка нисбатан арзонанд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатӣ дар “Бозори Саховат”, “Бозори Деҳқон”, “Бозори Қарияи боло” ва дигар бозорҳои хусусӣ 3 - 4 октябр доир карда мешавад.

Қаблан, шаҳрдории Душанбе хабар дода буд, нархи маводи ниёзи авваларо дар арафаи Иди Қурбон, ки дар Тоҷикистон 5 октябр таҷлил мегардад, таҳти назорат хоҳанд гирифт. Ба иттилои идораи рушди иқтисод ва савдои Душанбе нархи гӯштро, ки серхаридортарин маҳсулот дар Иди Қурбон аст, дар ҳадди 34 сомонӣ барои як кило нигоҳ хоҳанд дошт. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта дар намози ҷумъа аз тоҷирони кишвар хост, аз омад-омади Иди Қурбон сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд.


АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе

АКС: Ярмарка ва навбатпойӣ барои гӯшти 33-сомонӣ дар Душанбе


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)