Бахшҳо
03 окт 2014 15:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Кабирӣ: Иди Қурбон як озмоиши гузаштан аз манофеи шахсию гуруҳист

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо нашри як паём сокинони кишвар ва мусалмонони ҷаҳонро бо Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги пайравони дини мубини Ислом табрик гуфтааст.

Дар ин паёми раиси ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, “фарорасии Иди Қурбонро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз Худованди маннон бароятон умри дароз, тани сиҳату зиндагии осуда ва барои кишвари азизамон сулҳу оромӣ ва ояндаи дурахшон орзумандам”.

Муҳиддин Кабирӣ дар идома таъид кардааст, Иди Қурбон танҳо як рӯзи шодию хурсандӣ набуда, балки як фурсате барои озмудани худ ва шинохти воқеии хеш аст: “фурсатест, то ҳар инсони муъмин бо пайравӣ аз Ҳазрати Иброҳим (а) худро бисанҷад, ки оё омода ҳаст то ба хотири арзишҳо ва ҳадафҳои болотари муштарак аз баҳри хостаҳо ва ормонҳои шахсиву гуруҳаш бигзарад ё не. Ҳазрати Иброҳим дар баробари имтиҳони сабр, худгузаштагӣ, итоат аз амри Парвардигор ва устуворӣ қарор гирифт ва танҳо пас аз муваффақ гаштан ин рӯз ид дониста шуд”.

Раиси ҲНИТ арзиши сулҳу субот ва ваҳдату оромии кишварро барои миллати тоҷик бештар аз дигар чизҳо хонда, таъкид кардааст, ки ҳеч кас набояд хостаҳои худро болотар аз ин арзиш донад. “Ҳадафе болотар аз ризои Худованд, озодиву каромати бандагони Ӯ, итоат аз амру фармонҳояш нест ва вазифаи ҳар инсон саъй барои расидан ба ин ҳадафҳост, ки танҳо дар партави арзишҳои боло зикршуда анҷом хоҳад гашт. Имрӯз, ки мусалмонон дар он барои ризоияти Худованд аз моли ҳалолашон қурбонӣ мекунанд ва ба дигарон мебахшанд, намоде аз боло гузоштани ризои Худованд, манфиатҳои мардум ва миллат бар манофеъи шахсӣ аст”,-омадааст дар паёми табрикии райиси ҲНИТ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)