Бахшҳо
03 окт 2014 17:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Суоли донишҷӯи тоҷик аз дипломати маъруфи Амрико: Чаро нооромӣ меоред?

Ҷон Теффт, сафири Амрико дар Русия, ки ҳамчун дипломати “низоъбарангез” шуҳрат ёфтааст, дар мулоқот бо донишҷӯёни Ярослав гуфтааст, талош барои тағйирот ва расидан ба ҳадафро аз духтараш бояд омӯхт, ки дар Тоҷикистон ба муваффақиятҳо ноил шудааст.

Ҷон Теффт рӯзи 3-юми октябр суханронияшро дар Донишгоҳи Ярослав аз он оғоз кардааст, ки инсон бояд дар зиндагӣ ҳадаф дошта бошад ва талош барои пешрафту тағйири ҳаёташ кунад. Сафир дар хитоб ба донишҷӯёни рус гуфтааст, шояд шумо Киссинҷер нашавед ва монанди Путин ҷаҳонро тағйир дода натавонед, вале духтарашро мисол овардааст, ки ба Тоҷикистон омада, маркази ёрии ҳуқуқиро ташкил кардааст: “Ӯ ба одамон кӯмак расонд, ҷаҳонро тағйир дод.”

Донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Ярослав аз Теффт суол кардааст, ки чаро ҳангоми сафирияш дар кишварҳои гуногун руҳияҳои зиддирусиягӣ шиддат меёбанду нооромиҳо сар мезананд: "Замони сафирии Шумо дар Гурҷистону Украина нооромиҳо сар заданд ва дар Русия аз Шумо чиро бояд интизор шуд?”

Ҷон Теффт ба посух ба донишҷӯи тоҷик гуфтааст, “ҳадафи ман фаҳмондани сиёсати Амрико аст ва ҳамчунин Вашингтонро аз авзоъ дар Русия огоҳ мекунам. Ин кори сафирҳо дар ҳама ҷо, ҳам дар Киев ва ҳам дар Душанбе аст.”

Теффтро ахиран Обама аз нафақа бозхонда ба ҳайси сафир дар Русия таъин намуд. Дар Русия бо ишора ба таҷрибаи кории Теффт дар Гурҷистону Украина ӯро як дипломати низоъбарангез арзёбӣ мекунанд, ки бо омаданаш талошҳо барои дар инзивоъ мондани Русия пиёда гардида истодаанд.
Мӯҳр
кандта зан Точикбача!!!ма намедонм намешносм духтари и одама дар бораи ки ба ягон кас кумак расонданшам хабар надорам,неки дур намерем икадар озодии сухан гуфта доод меген пас ку хаму ёрии духтарш ки ба як оилаи ки аз тарафи корманди сафорати амрико дар Душанбе ба мошин зада гурехт рафт ягон ёрдам кад???хозирам сари вакт аст аз ин амрикоихо дур шидан даркор кучое ки паи кадамшон расид нооромиай ........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)