Бахшҳо
03 окт 2014 17:15Хабарҳои ҷаҳон

Фарқ миёни Исломи ноб ва “Исломи амрикоӣ” аз нигоҳи Хоманаӣ

Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон дар як паёми худ дар ҳаққи зоирини Хонаи Худо дуои хайр карда, аз сиёсатҳои тафриқаафканӣ миёни мусалмонони олами Ғарб ва “Исломӣ амрикоӣ” ҳушдор додааст.

Дар ин паёми раҳбари Эрон, аз ҷумла омадааст, “аз Парвардгори Ғафур ва Маннон дархост мекунам, ки неъмати худро бар шумо тамом кунад ва чун тавфиқи сафари Ҳаҷ ато кардааст, тавфиқи адои Ҳаҷҷи комил низ ато фармояд ва онгоҳ бо қабули каримонаи худ шуморо бо дасти пур ва офияти комил равонаи диёри худ созад, иншоаллоҳ!”

Хоманаӣ гуфтааст, ҳоло муҳимтар аз ҳама барои мусулмонон иттиҳод ва боз намудани гиреҳҳои фосилаафкан миёни бахшҳои худ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бархеҳо бо роҳандозии сиёсати истеъморию тафриқаафкан мехоҳанд, миёни мусулмонон ҷудоӣ ба вуҷуд оварда, амнияти Исроилро таъмин кунанд: “Имрӯз, ки ба баракати бедории исломӣ миллатҳои мусалмон душмани худро ба дурустӣ шинохта ва дар баробари он мавзеъ гирифтаанд, сиёсати тафриқаафканӣ миёни мусалмонон шиддати бештаре ёфтааст. Ҳаҷ мазҳари ваҳдат ва якпорчагӣ ва конуни бародарӣ ва ҳамёрӣ аст. Дар ҳаҷ бояд ҳамагон дарси тамаркуз бар муштаракот ва рафъи ихтилофотро фаро бигиранд”.

Раҳбари Эрон дар идома аз режими Исроил ба унвони ҷинояткор ном бурда, онро дар наслкушӣ, вайронгарӣ, куштори кӯдакон, занону бепаноҳон муттаҳам карда, баён доштааст, ки ин режим ҳар зулмеро, ки аз дасташон меояд, барои худ мубоҳ мешумуранд ва ба он ифтихор ҳам мекунанд: “Саҳнаҳои гиряовари ҷанги панҷоҳрӯзаи ахири Ғазза, охирин намунаи ин базеҳкориҳои таърихӣ аст, ки албатта дар ним қарни ахир борҳо такрор шудааст. Ҳақиқат он аст, ки ин саффокӣ ва фоҷеаофариниҳо натавонистааст ҳадафи сардамдорон ва пуштибонони режими ғосибро бароварда созад. Бар хилофи орзуи аҳмақона, иқтидор ва истеҳкоме, ки сиёсатбозон барои ин режим дар сар мепарваронданд, ин режим рӯ ба рӯз ба измиҳлол ва нобудӣ наздиктар шудааст. Истодагии панҷоҳрӯзаи Ғаззаи маҳсур ва бепаноҳ дар баробари ҳамаи тавони ба саҳна овардаи режими мазкур ва саранҷом, нокомӣ ва ақибнишинии он режим ва таслим шуданаш дар баробари шурути муқовимат, намоишгоҳи ошкори ин заъф ва нотавонӣ ва бебунягӣ аст; ин бад-он маъност, ки миллати Фаластин бояд аз ҳамеша умедвортар бошад, муборизони Ҷиҳод ва Ҳамос бояд бар талош ва азм ва ҳиммати худ биафзоянд, каронаи ғарбӣ роҳи пурифтихори ҳамешагиро бо қудрат ва истеҳкоми бештар пай гирад, миллатҳои мусалмон пуштибонии воқеъӣ ва ҷиддӣ аз Фаластинро аз давлатҳои худ мутолиба кунанд, ва давлатҳои мусалмон содиқона дар ин роҳ гом ниҳанд”.

Ӯ дар поёни паёмаш аз пайдоиши “Исломи амрикоӣ” ҳушдор дода, ба шарҳи фарқияти он аз Исломи ноб пардохтааст. Раҳбари Эрон мегӯяд, ҳоло бояд дар баробари ин ҳама ҳушёр буду миёни Исломи ноби Муҳаммадӣ ва “Исломи амрикоӣ” фарқ гузошт: “Исломи амрикоӣ пӯшондани либоси Ислом бар навкарии аҷониб ва душманӣ бо уммати исломӣ аст. Исломе, ки оташи тафриқа миёни муслиминро доман бизанад, ба ҷойи эътимод ба ваъдаи илоҳӣ, ба душманони Худо эътимод кунад, ба ҷойи мубориза бо душманон, бо бародари мусалмон биҷангад, бо Амрико алайҳи миллати худ ё миллатҳои дигар муттаҳид шавад, Ислом нест; нифоқи хатарнок ва муҳлике аст, ки ҳар мусалмони содиқе бояд бо он мубориза кунад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
tj
Бехтарин суханхо барои Одами Фахмиши сиёсиву Исломи дошта бошад.
Бадтарин Гунох ин Ихтилоф аст. Амо афсуз,ки Ислом хор шудаст аз
Дасти чохилхо ву Бесаводон.
Ин ( вахобихо-Салаф) сабаби хама гуна ихтилоф байни мо мусалмонхо
Шудаст.

Ин мусалмонхо якдигарашро кушта худашона
Нобуд мекунанд.зеро
Шуур ва бе мантик хастанд.

Исфара
Дар хакикат хазрат чашми басират доштаанд арабистон инро бояд тарики радио ва телевизион пахш кунад вале афсус зани амрико, ки наметавонад дар бораи исломи амрико гуфтаниям, ки хамин салафийони хосили исломи амрикоист ман бо чандтояш бахс доштам кариб, ки хамаашон аз ерону ахли ташаййуъ дар харосанду аз вучуд доштани давлате бо номи исроил бехабаранд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)