Эшони Маҳмудҷон: Шодибой Атоев 1.5 млрд мусалмонро таҳқир кардааст

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруф бо интишори матлабе дар сомонаи “тураҷон.орг”, торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, ба Шодибой Атоев, корманди Академияи улуми Тоҷикистон, ки ӯро ба кофир хондани кулли духтарони тоҷик ва маҳдуд сохтани ҳуқуқи занҳо муттаҳам кард, ҷавоб гуфтааст.
Дар ҳафтаи гузашта, торнамои Тураҷонзодаҳо дар посух ба пурсиши як хонандааш, навишт, истифодаи шабкаҳои иҷтимоӣ барои духароне, ки аз он истифодаи номашруъ мебаранд, ҷоиз нест. Баъди нашри ин фатво Шодибой Атоев дар саҳифаи Фейсбукаш аз ин фатвои Эшони Маҳмудҷон интиқод кард.
Ҷаноби Атоев бо овардани як иқтибос аз посухи сомона, аз ҷумла навишт, "яъне занон ва ҷавондухтарони чатнишини Тоҷикистон ҳамаашон кофир ҳастанд ва ҳақ надоранд бо арзишҳои асри худ зиндагӣ намоянд. Ана ин аст исломи муътадил дар Тоҷикистон дар асри 21. Ана ин аст фатвои воизи таҳаммулгарои Тоҷикистон ва даъво ҳам дорад, ки Ислом зиндагиро дӯст медорад, вале рӯирост занони Тоҷикистонро таҳқир менамояд. Ин ҳуҷуми навбатии Ислом ба озодии занон дар Тоҷикистон аст. Ин фатвои асри миёнагии ин рӯҳонӣ бисёр нафратомез буда, таҳқиркунанда ва зидду нақизест нисбат ба намояндагони ҷинси латиф дар Тоҷикистон".
Аммо Эшони Маҳмудҷон дар ҷавобияи худ менависад, корманди Академияи улуми Тоҷикистон бидуни дарки асли матлаб атрофи ин мавзӯъ ҳангома барпо кардааст: “Ҳангомае, ки Шодибой Атоев бо хашму ғазаби наздик ба таркидан, аз ин қазия барпо кардаанд ва ё мехоҳанд барпо бикунанд, асоси воқеъӣ надорад”.
Ин руҳонии шинохта дар идома навиштааст, “аз муҳтавои суоли матраҳшуда дар сайт ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки манзури суолкунанда ва ҷавобдиҳанда ҳамаи занон ва духтарони чатнишин набуда, балки танҳо занон ва духтароне ҳастанд, ки бо сӯистифода аз шабакаҳои интернетӣ ба рухбозӣ, ҳарзагуӣ, ишқварзӣ ва дӯстписар (любовник)-ёбӣ машғуланд. Ва аз ин тариқ хиёнат ба номуси оила – падар, шавҳар ва фарзандони худ мекунанд”.
Ба таъкиди Эшони Маҳмудҷон, Шодибой Атоев бо “фарҳанги биёбонӣ” хондани дини Ислом 1.5 миллиард мусалмонони ҷаҳон ба иловаи 99 дарсад мусалмонони Тоҷикистонро тақир кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |