Шветсия гуфт, Фаластинро ба расмият мешиносад
Стефан Лёвен, нахуствазири Шветсия ба расмият шинохтани Исроил ва Фаластинро роҳи бурунрафт аз буҳрон дар минтақа хондааст.
Ӯ гуфтааст, ин тасмим бояд дар мувофиқат бо меъёрҳои байналмилалӣ гирифта шавад: “Ба расмият шинохтани ин ду кишвар ба ҳамзистии мусолиматомез мусоидат мекунад. Аз ин рӯ Шветсия Фаластинро ба ҳайси давлат мешиносад”.
Иқдоми Шветсия аллакай бо вокунишҳо рӯбарӯ шудааст. Ҳукумати Амрико гуфтааст, Шветсия шитобкорӣ кардааст. Ҷен Псаки, намояндаи вазорати хориҷаи Амрико, изҳор дошта, “мо муътақидем, ба расмият шинохтани Фаластин ҳанӯз барвақ аст”.
“Мо қатъан, аз давлати Фаластин ҳимоят мекунем, аммо, метавон онро танҳо пас аз музокира ва ҳаллу фасли ихтилофоти ҳар ду кишвар ба расмият шинохт”,-гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи ин намояндаи вазорати хориҷаи Амрико нахуст бояд Фаластин ва Исроил ба мувофиқа биёянд, ки дар кадом шароит ва чӣ гуна дар канори ҳам хоҳанд зист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |