Бахшҳо

АКС: Мавъиза алайҳи Умаралӣ Қувватов дар намози Иди Қурбон

Бархе имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ қабл аз оғози намози Иди Қурбон ё Азҳо аз "нохалафони давлат", "ватанфурӯшон" ва Умаралӣ Қувватов гуфтаанд.

Намозгузорон мегӯянд, имом-хатибон вақте мавъизаи Кумитаи динро қироат мекарданд, гуфтаанд, "баъзе нохалафони давлат ё ватанфурӯшоне, ки аз нону намаки ин сарзамини муқаддас ба рушду камол расидаанд аз кишварҳои хориҷа бар зидди давлати соҳибихтиёрамон ангушти иттиҳом мебардоранд. Ҳол он ки худ аз гузаштаи начандон дурашон фаромуш накардаанд, ки чӣ касе буданду кӣ шуданд". Дар идома таъкид шудааст, ки "аз ҷумлаи ин афрод сарвари ба ном "гуруҳи 24" Умаралӣ Қувватов мебошад, ки аз дур истода мардумро ба шуру ғавғо даъват намуда истодааст. Ӯ худ зархариди давлатҳои хориҷа буда, амри онҳоро иҷро менамояд ва мехоҳад бо ҳар роҳу усул сулҳу суботи моро ноором созад".

Дар идомаи мавъиза гуфта шудааст, "Чунин ашхос на Ислом ва на давлатро ҳимоя менамоянд, балки манфиати давлату миллатро ба як танга мефурӯшанд. Ёдовар мешавем, ки номбурда дар ҷумҳурӣ яке аз роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии "Фароз" ва "Тоҷирон"-ро ба уҳда дошт, ки баъдан маблағи калони ин корхонаҳоро ба яғмо бурда, аз тарси кашида шудан ба маҳкама ба хориҷи кишвар фирор кардааст. Дар ин нуқта бояд мардуми шарифи тоҷик хуб огоҳ бошанд, то фирефтаи ин гуна афрод нагарданд".

Дар ин мавъиза ҳамчунин аз рафтани ҷавонони тоҷик ба кишварҳои хориҷ барои ҷиҳод нигаронӣ шудааст: "Як падидае вақтҳои охир моро нигарон месозад, ки иддае аз ҷавонони мо дар кишварҳои хориҷӣ, алалхусус мамолики исломӣ фирефтаи суханҳои муғризонаи афроди ноогоҳ ва тавтеаталаб гашта ба он ҷо сафар намуданд. Аксари онҳо саводи казоӣ надошта, муҷиби ҳар гуна ҳолатҳо шуда, рӯй ба хориҷ ниҳодаанд ва аксарияташон хонаводаҳояшонро низ тарк намуда, суроғе намекунанд. Дар хориҷ онҳо ба ҳар гуна ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав шомил гашта, нуфузу эътибори миллати моро коста мегардонанд. Дар ин синну сол ҷавонписарони мо ба ҷои он ки як гӯшаи ватани худ, ки дар он ҷо аҳли хонаводаашон ва авлодашон мезиянд, обод созанд, ба гуруҳҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ шуда, ба амалҳои тахрибовар даст мезананд. Вале афроди ноогоҳ дар кишварҳои мусулмоннишин бар зидди ҳамдини худ мусулмонон ба даст силоҳ мегиранд ва баъзан ҷони худро низ қурбон менамоянд. Чунин ҳолатҳо дар кишвари Сурия ба назар мерасад. Вале мо бояд ба ин иктифо накунем, зеро ҷавонон фарзандони мову шумо низ мебошанд ва тақдири ояндаи миллат дар дасти онҳост".

Дар поёни нукта аз ҳадисе ҳам ёдоварӣ шуда ва маънии ҷиҳод шарҳ дода шудааст: "Ҷиҳод дар дини мубини Ислом ба маънои кушиш, ҳаракат ва ғайрат намудан дар пешравии корҳои мусалмонон аз қабили илм, кашфиёт, тарақиёт, навоварӣ, мубориза бар зидди фасод ва амсоли ин омадааст".

"Озодагон" нусхае аз ин мавъизаро дарёфт кард, аммо дар он ишора нашуда, ки аз сӯйи кадом ниҳод таҳия гардидааст.


АКС: Мавъиза алайҳи Умаралӣ Қувватов дар намози Иди Қурбон

АКС: Мавъиза алайҳи Умаралӣ Қувватов дар намози Иди Қурбон


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
карим
Эй бача и мачиторам хукумати шуданд ку. И хонаи Худо бошад е ай ...

Гадоев
МУЛЛОХОИ ДАРБОРИ ИСЛОМАМ ХОРУ ЗОР КАРДЕН

сино
Дар намози иди Курбон ин муллохои дарбори ба чои аз паебар Иброхими Халиллулох ва курбонии у Исмоили Забиоллох сухан гуфтан дар бораи сиесат дар бораи шахсони зидди режими Рахмон сухан гуфтанд.Ун мардуми чамъшуда аз намозашон чи савобе гирифта бошанд ???

Зарафшон
Бовар кунед махз барои хамин шахсан ман аз масчидрави комилан даст кашидам. Охир чи тавр метавон ба кавданеву нодоне, тамаллуккоре, чохталабе иктидо овардан. Харгиз ва харгиз.
Ба руи мо нигохи худо ханда мекунад,
Харчанд рах ба сохили лутфаш набурдаем,
Зеро чу зохидони сияхкори хиркапуш,
Пинхон зи дидагони худо май нахурдаем.
Пешони ар зи доги гунохе сиях шавад,
Бехтар зи доги мехри намоз аз сари риё.
Номи худо набурдан аз он бех ки зери лаб,
Бахри фиреби халк бигуи худо, худо.
Моро чи гам ки шайх шабе дар миёни чамъ,
Ба руямон бубаст ба шоди дари бихишт.
У мекушояд у, ки зи лутфу сафои хеш,
Гуи ки хоки тинати моро зи гам сиришт.

ахиад
Шумо моро монед озодона Худоро ибодат кунем ва таълимоти дини гирем хеч кас ба ягон равияхо тундгарои ва бероха намеравад

Сиёсат
Хаминхам мулло шуд-а???

Офарин ба Кумитаи дин! Кумитаи дин аз сохторхои давлати нахустин кумитаест Кувватовро молики "Фароз" ва "Точирон" эътироф кардааст. Инро то хол хеч хадамоте эътироф накарда буд, хатто худи ширкатхо хам. Инак айнан меорем, аз мавъиза "Ёдовар мешавем, ки номбурда дар ҷумҳурӣ яке аз роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии "Фароз" ва "Тоҷирон"-ро ба уҳда дошт"

Вирус
О муре шумо мулло нашуда вой баар холи шумо ки шумо ватанро ба игвои худ вайрон карданиен.Монед акалан мардум дар масчид як сухани Куръони шунаванд.Шумо ба ин ахволатон ба кучо мерасида бошед ман хайрон лесако ....

Як нукта басаст агар шуур аст
Вар на чу чарог пеши кур аст
Хонандаи гиромт худ як казоват намоед ки хакикат кучост оё нафаре ки сохиби ду ширкати калон бошаду боз маблаг гирифта гурехтааст? Ба худ савол дихед ки маблаги киро гирифта гурехтааст? Шахсан ман ба ин боварам ки Умарали маблаг гирифта нагурехтааст балки хонаводаи Рамонов маблагхои Умаралиро гирифта боз худашро ба куштан тахдид кардаанд аз хамин сабаб Умарали аз Точикистон фирор кардааст...
Ozodagon илтимос чоп намоед

агар хуб мешуд доир ба хатари салафия ки чавонони суннимазхабро гумрох сохта ба онхо пул дода онхоро аз пасашон мебаранд, дар ин бора сухан карда чавононро огох мекарданд .

э Озодагон чи дуруг меген у точир буд вакти дидан кудрат гирифтесай чашми дидан надоштанш чун кудрати болотар ай худашона намехохад. тичоратша вайрон карданд сармояша аз дасташ гирифтанд. мачбур шид аз Ватан фарор кунад чун мехостанд дастгирш кунанд зиндониш кунанд рафт аз ин Ватан чони худша начот дод. хакиката гап занен пул нагирифтай фарор накардай балки бечора сармояша гирифтен мехостен зиндониш кнен. ма медонм шумо намемонен чун ба зарартонай. шумо Сайти Озодагон шумо хам ай хаму сурохен хаматон як чизен. вакти меген " ШАХРВАНДОН ОЗОДИИ БАЁН ДОРАНД" пас ин назари ман аст. Харчанд медонм намемонен сайтда...... чун хакиката намехохен шунавен гушотона мегирен......

Неъмат
Рохбари корхона будан маънои сохибмулк буданро надорад, бинобар ин Кумитаи дин уро хамчун рохбар эътироф кардааст на сохибмулк

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)