38 тоҷик дар Қирғизистон паноҳандагӣ меҷӯянд
Вазорати меҳнат, ҷавонон ва муҳоҷирати Қирғизистон теъдоди атбоеро, ки дархости паноҳандагӣ дар ин кишвар кардаанд, интишор намуд.
Ин ниҳод дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳааш эълон кардааст, то аввали октябр аз 38 шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ қабул кардааст: “Ин шаҳрвандон дархост намудаанд, ки мақомоти қирғиз ба онҳо мақоми паноҳанда диҳанд.”
Мақомоти қирғиз гарчанде номи ашхоси паноҳҷӯйро зикр накардаанд, ба гуфтаи бархе аз коршиносони тоҷик, Қирғизистон, ки ҳамчун “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ маъруф аст, барои дигарандешон ва мухолифони низомҳои феълӣ дар минтақа метавонад, макони мувофиқ бошад.
Дар қатори паноҳҷӯяндаҳо дар Қирғизистон аз ҳама зиёд, шаҳрвандони Афғонистон - 122 нафар мебошанд. Инчунин 11 украинӣ, 48 суриягӣ ва 1 шаҳрванди Сомалӣ хостори паноҳандагӣ дар Қирғизистон шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |