Бахшҳо
07 окт 2014 18:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Масъулини Faraj.tj: Бастани торнамо ба митинг дахл надорад, аммо ба коғази ташноб...

Масъулини торнамои нашрияи Фараж мегӯянд, аз субҳи рӯзи шанбеи чоруми октябр дастрасӣ ба Faraj.tj тавассути бархе провайдерҳо номумкин шудааст.

“Тавассути ширкати Babilon ва ширкатҳои интернетрасони “Телеком технолоҷӣ”, “Истера”, “Сатурн” ва “Билайн” дастрасӣ ба Faraj.tj номумкин аст. Танҳо ба воситаи модеми 3G-и ширкатҳои “Мегафон” ва “Tcel” маҳдудият нест”,-навиштааст бахши русии торнамо.

Манбаъ навиштааст, аксари коршиносон, сабаби асосии баста шудани cадҳо сайтро ба паҳн шудани овозаҳо тариқи баъзе сомонаҳо дар мавриди даъват ба як митинге медонанд, ки гӯиё “Гуруҳи 24” ташаббускор будааст. Ба эҳтимоли зиёд шояд Faraj.tj ба ин рӯйхат ворид карда шудааст, ҳарчанд дар бораи митингу гирдиҳамоии ин гуруҳ ҳатто хабаре пахш накардааст: “Ду фарзия дар ин маврид ҳаст: Эҳтимол хабари даъват ба митингро нашр накардани Faraj.tj раиси Хадамоти алоқа Бег Сабуриро ба ғазаб овардааст, зеро сомонаҳое, ки ин маълумотро пахш карда буданд, дар масъалаи дастрасӣ мушкиле надоранд. Ин амал сахт шубҳанок аст ва мебояд мақомоти лозима ин ҷонибдории Бег Сабуриро аз Умаралӣ Қувватов мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Сабаби дигари маҳдудият шояд ба масъалаи куштори таксист аз ҷониби сарбозони дивизияи 201-и Русия сахт таваҷҷуҳ кардани сомона ва пахши хабар дар бораи пайдо шудани коғазҳои ташноб бо акси Путин дар бозорҳои Киев бошад. Ва шояд Бег Сабурӣ, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро низ дорост, аз интиқоди президенти худ - Путин В.В ба ғазаб омада, сайтро баста аст”.

Хабарҳо дар мавриди масдудияти садҳо сомона дар Тоҷикистон аз се рӯзи пеш паҳн гардид. Бархе аз намояндаҳои ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ба “Азия Плюс” аз дарёфти мактуб бо дархости масдудияти ҳудуди сесад сомона, бо шумули Фейсбук, Википедиа, торнамоҳои хабарии Русия ва “сайтшиканҳо” хабар додаанд. Бархе аз ин ширкатҳо гуфтаанд, амри бастани сайтҳоро бо як занги телефонӣ аз Хадамоти алоқа гирифтаанд. Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, дар мавриди бастани шабакаҳои иҷтитмоӣ ва торнамоҳои дигар амре надодааст.

Акс аз торнамои Faraj.tj

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
мухочир
Аз Москва хам даромад намешавад ба ин торнамо...

Вирус
Чи гуфтед кормандони озодагон ин боз шахрвандии Руссияро дорад? Ана гап дар кучою мана гап дар кучо.Хонандаи азиз худ казоват кунед .Он чи ки аён аст хочат ба баён нест..

Хон
чида ин хабари фаража чоп карден, вай падари мо- Путина танкид кардай, дастгири накунед! Бомонед махкам шава

Фараж аз шумо да зурай шуморо банданд шумо чи даркор фаражро кушоянд. Шуморо Эронихои 12 имома дастгири мекунад фаражро Амрико. Хар дуятон кал додари куред. Шумо таоми мардлум намояёни точикро кати маколахои фачу лачатон зиндон кардед пас шумо чи даркор ана худатон фикр кунед. Дигар касе на бо фаражу на бо ту озодагон хамкори карлдан намехохад равед росиия

Бародарони ахли ислом! Даркор шавад хамин Озодагону Фараж дар хама майдон як хел баромад мекунанд, аз як сурох мешошанд. Новобаста аз он ки Амрико дастгирашон аст ё Эрон.ин идеологияи смешнои шумора ихо задагианд. барои инхо мухим журналист буданашон аст! Ёд гиред аз инхо чун журналист муттахид шуданро !!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)