Бахшҳо

Даргузашти як роҳбалади зоирони тоҷик дар Арабистон

Шоми 7 октябри соли равон Олимхуҷа Раҳимов, роҳбалад ба ҳоҷиёни ноҳияи Файзобод, бо далели хуруҷи бемории қанд аз олам даргузашт.

Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфт, марҳум, ки қаблан аз ин беморӣ ранҷ мебурд, маризиаш баъди адои маносики ҳаҷ дубора хуруҷ намуд ва боиси ба ҳолати беҳушӣ (кома) гирифтор шудани ӯ гардид. Ҷанозаи марҳум субҳи имрӯз, 8 октябр баъди адои намози бомдод дар масҷид-ул-ҳаром баргузор гардид ва ҷасади ӯро дар оромгоҳи "Шароеъ", воқеъ дар назди ҳарам ба хок супориданд.

"Марҳум Олимхуҷа Раҳимов аз иҷрои уҳдадориҳои худ ба сифати роҳбалад дар ин мавсим сарбаландона ва бо муваффақият баромад ва зоирине, ки зери раҳбаладии ӯ маносики ҳаҷро адо намуданд, бо изҳори андуҳ аз марги бемаҳал марҳумро ба некӣ ёд мекунанд. Роҳбарият ва аҳли кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати ситоди "Ҳаҷ - 2014" ба наздикони марҳум амиқан изҳори тасаллият намуда, ба марҳум раҳмату мағфирати Парвардигор ва ба фарзандону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд",-афзуд номбурда.

Қаблан, яке аз зоирони тоҷик ба далели бад шудани вазъи саломатияш пеш аз оғози мавсими Ҳаҷ ба Ватан бозпас фиристода шуд. Кумитаи дин гуфт, Аҳад Аюбов, сокини 78-солаи ноҳияи Исфараро шоми 23 сентябри соли равон бо дархости наздиконаш ба Ватан фиристодааст.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд ва интизор меравад, нахустин гуруҳи ҳоҷҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ рӯзи 9 октябр ба ватан баргарданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
худо рахматаш кунад.

Беҳтарин неъмат, Худованд мағфират кунад

Самир
Худо рахматаш кунад!

Шодравон Олимхуча Рахимов баробари набераи шахсияти маъруфи олами ислом - Шайх Абдурахими Давлат буданаш табиатан инсони сахи, худодод ва халиму мехрубон буд. Харчанд марги эшон барои мо дустону пайвандон талафоти бузург аст вале аз чониби дигар чунин неъмати худодро шарафёб шудани мархум далел аз бузургии у назди Худованд аст. Аз даргохи Илохи ба падару модар, ёру бародарон ва фарзандону дустони эшон сабри чамил хохонем. Худо, хонаи охираташро чанатулмаъво гардонад.

Инно Лиллох ва Инно Илайхи Рочиъун Худо рахмату магфират кунад.Мархум Олимхуча маъруф ба Махсуми Олим шинох мешуд бародари Домулло Маъруф аст хатиби масчиди Сари Осиё файзобод,

Худованд рухашро шод гардонад мархум Олим бехтарин инсони сахию мехрубон ва сохибъилм буд. ман мпеш аз омаданам ба Руссия бо у хамсухбат шуда будам. агар аз як тараф марги ин мархум боиси гамгинию мусибат бошад , аз дигар тараф боиси шодию шукр аст ки ин чунин давлату мартаба ва макоми волоро Аллох Таъоло ба ин бузургвор насиб гардонид. Худованд махфирату шод ва чояшро чаннат гардонад омийн! sad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)