Алихон Холиқов, муовини раиси ноҳия дар посух ба суоли хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, «дуруст ва нодурустии оморро мо назорат бурда наметавонем. Зеро ин ташкилот дар зери итоати мо нест ва он системаи кории ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тарзи корбарии он барои мо норӯшан аст».
Ҳамоно, маълумоти шуъбаи омори ноҳия рақамҳои санҷиданошуда ва беназоратиро мемонанд. Дар 3-моҳаи авали соли 2011 «ширҷӯшӣ аз 1-сар модагов» 274-литр, ё дар 1-моҳ 1-модагов 91-литр шир медодааст. Айнан ҳамин гуна маълумот дар ҳисоботҳои солҳои гузашта низ бе ягон тағйирот нишон дода шудааст. Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 816-сар модагов доранд ва тибқи ҳамин омор, мутаносибан дар 3-моҳ аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 223,5-тона шир истеҳсол мешавад. Вале ҳамин шир ба куҷо сарф мешавад, ягон масъул бо шумули раиси ноҳия Хуҷамурод Фазлиддинов, хабар надоранд.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |