Суд "Гуруҳи 24"-ро экстремистӣ эълон кард: Қувватов як моҳ муҳлат дорад

Додгоҳи Олии Тоҷикистон пеш аз зуҳри имрӯз, 9-уми октябр даъвои додситонии генералиро алайҳи “Гуруҳи 24” қонеъ карда, онро гуруҳи экстремистӣ эълон намуд.
Саломат Ҳакимова, додраси Додгоҳи Олӣ зимни қироати ҳалнома гуфт, парванда дар ҳузури намояндагони Хадамоти алоқа, додситонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баррасӣ шуда, фаъолияти "Гуруҳи 24" ба далели зидди сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ буданаш, дар Тоҷикистон манъ карда шавад. Тибқи ин ҳалнома паҳн ва нашри ҳар гуна матолиби чопию аудиовизуалии марбут ба "Гуруҳи 24" мамнуъ эълон гардид. Додраси додгоҳи олӣ гуфт, Қувватов метавонад аз болои ин қарор давоми як моҳ шикоят барад.
“Гуруҳи 24” дар ҳоле экстремистӣ эълон шуд, ки раҳбари ин гуруҳи мухолиф Умаралӣ Қувватов аз ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ин гирдиҳамоӣ рӯзи 10 октябр дар маркази пойтахт баргузор мешавад.
Дар пайи нашри навори даъвати Қувватов ба гирдиҳамоӣ Додситонии кулли Тоҷикистон бо пешниҳоди аризаи даъвогӣ аз Додгоҳи Олӣ хост, ки “Гуруҳи 24”-ро ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) эътироф намояду фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ кунад. Аз ҷумла дархост шудааст, ки таблиғ ва паҳни матолиби марбут ба ин гуруҳ низ мамнуъ эълон шавад.
Қувватов, ки худро аз ҷумлаи собиқ роҳбарони ширкати "Фароз"-у "Тоҷирон" муаррифӣ мекунад, тобистони соли 2012 ба Маскав фирор намуда, аз таъсиси созмони сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон -- "Гурӯҳи 24" хабар дод.
Додситонии генералии Тоҷикистон мегӯяд, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад: “Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.”
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки Умаралӣ Қувватов ба иттиҳоми ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |