Turajon.org: Пӯшидани либосҳои сирф абрешимӣ ба мардҳо ҳаром аст
Эшони Маҳмудҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик пӯшидани либосҳои сирф абрешимиро барои мардҳо ҳаром хондааст.
Эшони Маҳмудҷон дар посух ба суоли як корбари сомонаи хонаводагияшон- turajon.org оид ба лисбосҳои абрешимӣ гуфтааст, агар либос 100% аз абрешим бошад, пас пӯшидани чунин либос барои мардҳо ҳаром аст ва афзудааст, ки ин маҳдудият ба занҳо дахл надорад.
Ӯ барои исбот ба ҳадисҳои саҳеҳ бо ривояти Бухорию Муслим такя намуда, илова намудааст, ки “фуқаҳо аз абрешими холис танҳо ба арзи чаҳор ангушт ба ҳайси шероза дар гиребон ва ё домони либос истифодаашро ҷоиз гуфтаанд.”
Ба гуфтаи ин руҳонӣ аз назари фуқаҳои ҳанафӣ либосе агар аз матои омехта аз абрешим ва ғайри абрешим- мисли пахта, пашм ва синтетика духта шудааст, пас дар ин сурат агар тори матоъ аз абрешим ва пудаш аз ғайри абрешим бошад пушидани он ҷоиз аст: “Аз назари фуқаҳои шофиӣ агар зиёда аз 50% фоизаш абрешим бошад, яъне 51% ба 49% бошад, пас пушидани он либос барои мардҳо ҳаром аст. Ва агар зиёда аз 50% фоизаш ғайри абрешим бошад, пас истифодаи чунин матоъ барои мардҳо мубоҳ ва ҳалол аст.”
Эшони Маҳмудҷон ба таври истисно пӯшидани либосҳои сирф арбрешимиро барои мардҳо дар ҳолатҳое ҷоиз хондааст, ки зарурат бошад ва мисол овардааст, ки агар бадан хориш дошта бошад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |