Бахшҳо
09 окт 2014 10:28Тоҷикистон / Сиёсат

Иштироки президент дар тӯйи афсарони таъиноти махсус

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон аснои боздид аз ноҳияи Бохтар ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати умури дохилии вилияти Хатлон рафта бо буридани лента бинои нави онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре дафтари матбуотии президенти кишвар менависад, дар саҳни ҳавлии қароргоҳи ин воҳиди махсуси милиса Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи фарзандони кормандони ин соҳа иштирок намуд: “Дар ин ҷо тӯйи арусии 8 духтари ҷавон аз оилаҳои ниёзманд ва 8 афсари воҳиди махсуси милиса ва ҳамчунин хатнасури 22 писарча аз оилаҳои кормандони соҳа ороста шуд”.

Ба иттилои манбаъ, райисиҷумҳур дар ин маросим ба ҳамаи навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгор ва ба писарбачаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. “Зимни боздиди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ошхона, анбори нигоҳдории молу маҳсулот иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини хизматчиёни дастаи таъиноти махсуси милиса бо маводи ғизоӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ҳудуди қароргоҳи даста майдончаҳои машқу тамрин бунёд ёфтаанд, ки дар баланд бардоштани маҳорати ҷангии хизматчиёни ин даста нақши асосӣ доранд. Дастаи таъиноти махсуси милиса барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ бо аспҳои савории ба таври хоса омодашуда, сагҳои хизматии омӯзишдида ва бо техникаву лавозимоти гуногуни ҳарбӣ таъмин карда шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар ноҳияи Бохтар дар расми ба истифода дода шудани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ҷамоати Меҳнатобод ширкат намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст. “Мактаби мазкур барои бо таҳсил фаро гирифтани қариб 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 4 бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, 10 озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад”,-хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)