Бахшҳо

Даъвати ВКД барои насби камераҳо дар хонаҳои мардум

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки дар гирду атроф ва даромадгоҳҳои манзили зисташон камераҳои назоратиро насб намоянд.

ВКД бо нашри як иттилоия аз раванди насбсозии камераҳо дар хиёбону муассисаҳои Душанбе тавсиф карда, изҳор доштааст, ки насби камераҳо дар манзилҳои истиқоматӣ низ барои пешгирӣ ва ифшои амалҳои бадсириштон мусоидат мекунад.

Ин ниҳод таъкидан зикр намудааст, ки феълан тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷумла боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдонҳо, бахусус ҷойҳои серодами шаҳр, маркази савдою бозор, вокзалу фурӯдгоҳ ва масҷиду ҷойҳои фарҳангӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра таъминанд: “Мақсад аз таъмин ва васл намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар иншооту марказ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ин таҳти назорати пурраи оперативӣ қарор додани шаҳри Душанбе мебошад.”

Мақомоти умури дохилӣ ҳушдор додаанд, ки афроди бадхоҳу ихтилофҷӯ, ки мехоҳанд бо амалҳои ифротгароёнаи худ дар ҷомеа таблиғоту ташвиқоти ботилро дар шакли варақаҳои тарғиботӣ паҳн созанд, тариқи дастгоҳҳои назоратӣ ошкор ва боздошт хоҳанд шуд: “Имрӯзҳо дар қатори дигар объектҳои муҳими фарҳангию маъмурӣ, тамоми атроф ва дохили масҷидҳои панҷвақта ва ҷумъахонии шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти наворбардорӣ таъмин карда шудааст.”

Ин даъватҳо ва ҳушдори ВКД дар ҳолеянд, ки дар Душанбе тадобири амниятӣ рӯзҳои охир пурзӯр шуда, дар дохилу даромадгоҳҳои пойтахт зиреҳпӯшу афсарони таъиноти махсус барои таъмини тартибот равона шудаанд.
Мӯҳр
бисьер хуб мешавад, шабона чодугарон дар рохравхо хоки кабр ва кулфхоро гуронда наметавонанд.

Худо зад аку, штрафбанди сар мешад, ки барои чи чои хобат камера намонди гуфта!

Лол
Пеш на камера буду на дигар чиз милиса химоят мекард мардума камера ки мондем милиса чи дар корай ё ягон накшаи дигари пулкоркуни бошад?

Рафик сохибфикр, ба чои мардумро даъват кардан ба камеранасбкуни, худатон аз хисоби бучае, ки аз хисоби андозсупорандахо (мо) чамъовари мешавад, насб кардан гиред, мо миннатдор хохем шуд.

Саъди
Свет набошад камера чихел кормекунад? Аввал дар хамон хонахо чарог насб кунед к хамон дузди бечора вакти свет буданда пеши пояша бинад...

Собир
Кори хуб мешавад. Дар хамаи шахрхои пешрафта камерахо мавчуданд. Лекин онро аз хисоби давлат бояд насб кунанд. Боз пулчамъкунй аз сокинон нашавад...

110
Yakbora dar utoqi khobi mardum ham nasb kuned ! e sharmandaho

Душанбе
Боз 100сомони хар мох барои суми куваи барке ки видеокамера кор мекунад. Э БЛБЛОН нархи света 5дирам бкнен акалан садкатон бшам дар тобистон 100-150сомони споридесем зимистонда 300-400сомони мешава.

Q
Аз сабаби к,увваи барк, набудан камерах,ои бо к,увваи офтобро (солнечний батарея) ихтироъ кардан даркор! Мардум дигар кора партоеду аз к,афои х,амин кор шавед!

Собир
Ака шумо дуруст меген,дар шахрхои пешрафта камера хаст, лекин tjk-и мо ай кчо пешрафт дора? Гапи шумо ба хамон матали точики рост меоя; асп похоша наьл мекуна курбакахам похоша дароз мекуна, ки ай марам наьл кунен.!!!!!!

Инхо одамои боло бисер чукур фикр мекунанд хами фикро аз кучо да сари ие мезана ие чи мехуранд инкадар боаклане дар гапошон хандем мегуем боз гиря гулугир мекуна ки бо хамие дар вазифаанду чанд каса фармон медиханд Охир мебахшен якбор гуен шумо чанд сум маош мегирен чихел зиндаги дорен мухочиротон сум рои мекунанд чи хурдестен мардум айба намедонен мора бо ким кадом давлати пешрафта киес мекнен биеен гап бисеру хомуш бошам чизе ай даханмон набуроя бо аъзои гурухи 24 гуфта судмон накунен...

Аз магоза ба рох бо ба хона ?? Майлаш аз пули налог свет об озод кунед мемонем!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)