Қатъи интернету мушкили кори бонкҳо дар Рашт ва шарҳи Бонки миллӣ
Сокинони минтақаи Рашт мегӯянд, бо далели набудани интернет чанд рӯз боз маблағашонро аз бонкҳо гирифта наметавонанд.
Яке аз корафтодагон, сокини ноҳияи Ҷиргатол дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз, 8 октябр барои гирифтани пул ба бонк рафтам, аммо масъулони “Агроинвестбонк” гуфтанд, интернет нест ва мо наметавонем пули шуморо диҳем”.
Сокинони навоҳии Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод низ мегӯянд, ба далели набудани интернет наметавонанд аз бонкҳо пул дарёфт кунанд. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон 9 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки аз субҳи рӯзи сешанбе бо сабаби мушкили фаннӣ ва қатъи интернет дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Чиргатол ва Рашт бонкҳо дар интиқоли маблағ мушкил доштанд. “Аммо аз рӯзи гузашта ин мушкил бартараф шуд”,-илова намуд ӯ.
Шикояти сокинони бархе минтақаҳои шарқи Тоҷикистон аз набудани интернет дар ҳоле аст, ки қаблан гуфта мешуд, дар шимоли кишвар - вилояти Суғд интернет комилан қатъ шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |