Бахшҳо

Ҳалокати 4 нафар бар асари сангфароӣ дар шарқи Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сангфароӣ, ки мунҷар ба садамаҳои нақлиётӣ шудааст, дар минтақаи Нурободу Роғун 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод дар мавзеи Диҳи-шоҳии ноҳияи Нуробод, дар пайи сангрезӣ як “Тойота-прадо” ба ҷарии 110 метрӣ сарозер шудааст: “Дар натиҷа ронанда Хоҷаев Назриддин, сокини 43-солаи Тавилдара ва мусофиронаш-Раҳимов Илҳом соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Сарбанд ва Иззатуллоев Рустам соли таваллудаш 1970, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Ба иттилои манбаъ ду мусофири дигари ин автомашина бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки ҳодисаи нохуши дигари сангфароӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун ба вуқуъ пайвастааст: “Санг аз куҳ фаромада, ба чархи пеши “Опел-Астра” бархурдааст. Дар натиҷа ронанда Юсуфов Усмонҷон, сокини 24-солаи Нуробод аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, дар канори дарёчаи Кундалак чаппа шудааст.”

Манбаъ мегӯяд, зимни ин нохушӣ мусофири автомашинаи мазкур Мусоев Сафаралӣ соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи ноҳияи Нуробод ба ҳалокат расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Амин
Рухашон шод бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)