Бахшҳо

Намоз бо амниятиҳо ва мавъизаи Муфтӣ: Қувватов бевамонанд аст...

Намози ҷумъа, имрӯз, 10-уми октябр дар тамоми масоҷиди Душанбе зери назорати шадиди маъмурини амниятӣ баргузор шуд.

Тавре намозгузорон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, амниятиҳо ҳар нафарро назорат намуда, дархост карданд, ки таҷҳизоти электрониро ба масҷид ворид насозанд: “Аз ҷумла дархост карданд, ки ҳамаи намозгузорон телефонҳои мобилияшонро хомӯш кунанд.”

Ин тадобир дар ҳолеянд, ки Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” мардуми Тоҷикистонро имрӯз, 10 октябр ба гирдиҳамоии эътирозӣ даъват карда буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ мавъизаашро зимни адои намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба “Гуруҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов бахшид, ки ба гуфтаи ӯ нияти ноором сохтани ҷомеаро доранд. Муфтӣ, Қувватовро ба зани бевамонда монанд карда, ду оиларо мисол овард, ки дар якеаш сардор аст, баракату хайру оромист ва дар дигараш нооромию якдигарнофаҳмию зиддият ва “Гуруҳи 24”-ро аз ҷумлаи дуюмӣ хонд: "Имрӯзҳо қариб дар ҳар оила занҳои аз шавҳар ҷудошуда вуҷуд доранд. Ин таҳқир не, як воқеият аст. Вақте зан нокому бадбахт аст, вай дар мушкилоташ дигаронро гунаҳкор мекунад ва аз хоҳару келинҳояш қасос мегирад."

Муфтии Тоҷикистон дар идома аз мардуми кишвар тавсиф намуд, ки ба даъватҳои Қувватов пайравӣ накарда, ба гирдиҳамоӣ набаромадаанд ва даъват намуд, ки минбаъд низ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.

Абдулқодирзода зимни баёни пайомадҳои манфии гирдиҳамоӣ ва ошӯбҳои оммавӣ Украина ва Сурияро мисол овард, ки дар натиҷаи ошӯбҳо аз кишварҳои содиркунандаи молу маҳсулот ба давлатҳои муҳтоҷи нон табдил ёфтанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
метарсанд хамаи ВРОХИМАРО худашон кардан куватов як шухи карду хама аз ПРИЕЗИДЕНТ сар карда тарсидандддддеееееееее

Аллох шохид аст,намехохам касеро тахкир кунам,аммо чунин ба назар менамояд,ки пайравони Кувватов мисли чамьи хайвони ки дар сахрохои Африко,гаштугузор мекунанд ва номи онхо ГИЕНА аст...
Часорате надоранд мисли рохбаршон Кувватов...
Дар хузури шер,онхо тарсону ларзон...аммо дар дури часуру шучоь...

"Имрӯзҳо қариб дар ҳар оила занҳои аз шавҳар ҷудошуда вуҷуд доранд. Ин таҳқир не, як воқеият аст. Вақте зан нокому бадбахт аст, вай дар мушкилоташ дигаронро гунаҳкор мекунад ва аз хоҳару келинҳояш қасос мегирад." - Акли муфти хамин кадар аст, ин суханонро бинед.

Инсоф
Бародарон. Аз муфти сар карда то ҳама. Биёед дигар дар масҷид масъалаҳои сифр сиёсию нимсиёсиро дигар набардорем, илтимос. Масалан, муфтӣ мехоҳад ба зимомдорони вақт ягон хизмате кунаду сухани хубе гуяд аммо дигар гуна бозтоб мешавад, суханҳое мисоли беваю, келину духтар ба назари ман басо бемаврид, бемоҳият ва бенамак буданд. Ҷаноби муфтӣ хеле бо эҳсосот гап мезанад, як вазнинӣ ва салобату тамкин бояд одам дошта бошад дар ин симмати басо пурмасъулият... Биёед дар бораи ақида, аҳком, ибодату фаризаҳои исломӣ сухан гуем, амри маъруф ва наҳйи мункар кунем, охир ин аст рисолат. Кумитаи дин, илтимоси бародарона, шарт нест мудохилаи зиёд намудан ба мавзӯҳои хутбаи намози ҷумъа ва пешниҳод намудани мавзӯҳо. Боварӣ дорам, ки ба 90 фоизи мардум ин дилбазан аст, бехафагӣ. Ҳар кас кори худашро кунад. Ҷаноби Абдураҳим Холиқов барои худ муайян кунад, ё мулло шавад ё шахси мансабдоре, ки раисҷумҳур ба ӯ ин умурро боварӣ намудааст, яктоашро бояд интихоб намояд. Албатта ин одам дар бораи ҳадисҳо рисолаи илмие таълиф намудааст, аммо рисолаи докториаш дар бораи низоми ҳуқуқии зардуштизм аст... Шахси доно аст, аммо бояд каме соҳиби фазл низ буд. Хуллас монед ҷамъият бо як маром ба пеш равад, танҳо як хоҳиш аз шумо: ХАЛАЛ НАРАСОНЕД! Таҳавуллот ҳаст, ҷамъият ба пеш рафта истодааст, ҳаминро ба ҳоли худаш монеду зиёдаравӣ накунед. Ташаккур.

Тоҷик
Акмал,
Дуруст гуфти, аз ахмаконатарин мисолхо буд.

о
шумо мегуед куватов тарафдор надорад надошта бошад ин кадар метарсед вой бархолатон рафту хнит митинг мекунамгуяад шумо боз 201ум дивизаро фаред мекунеду миллатро мекушед ин хамаш таьсири харом хурданиатон аз муфти саркарда то хукуматдорхо огохбошед

эййй вой бар холи кувватов. ходисаи имруза ва вохимахои чанрузаи кувватов нишон дод, ки у аз чониби ягон шахрванди точик дастгири наёфт намеёбад ва нахохад ёфт. чун номбурда касам хурд ки агар таюрихи 10.10.14 сол гирдихамоиро ташкил карда натавонад, у гуё вучуд надорад. Вале вакт довар аст мухтарам кувватов, бекуватии шумо малум гардид ба хар як нафар. чи гуем ва чи хулоса кунем ки чунин хам шуд. Нуфузи доштаатро низ имруз бо ин вохимаат аз даст доди. Акнун саратро на дар зери курпа, балки дар зери хок зан,ки овозаи Бекувватиат чахонро фаро гирифт

omi
Nafahmidammm... dar islom gaybatro gunohi kabira meguyand. bovar kuned, man inro az xudi onho chunidam va imruz ba joi amri ma,ruf faqad gaybat gush kardem dar borai U Quvvatov.
Dar masjid gapi dunyoiroham nojoiz meguyand, baroi in gaphoi behudai dunyoi inho chi javob megufta bowand? Xudo rahm kunad...

"Имрӯзҳо қариб дар ҳар оила занҳои аз шавҳар ҷудошуда вуҷуд доранд. Ин таҳқир не, як воқеият аст. Вақте зан нокому бадбахт аст, вай дар мушкилоташ дигаронро гунаҳкор мекунад ва аз хоҳару келинҳояш қасос мегирад." -Муфти нашуда мон! Акла бинед, ки танхо хаминро хамчун мисол ва далел овардааст. О хамун оилашикастагон аз нокоми дучори ин ходисаанд. "Причём тут" ин гап?? Муфти! боз як бор хотиррасон менамоем, ки мо раммаи гусфандон нестем. Пеши саф меисти ист, намоза бачо биёру баъд аз он - ти кито такой давай дасведания!!!

ман на тарафдори куватов на аз хукуматам.вале мутмаинам хар давлате мухолифинашро кабл аз хоричихо худаш ташкил мекунад зеро мухолифин хич вакт хади акали буда наметавонад ва дар хади намоен хастанду хохишхояшонро бароварда накарда баръакс онхоро тахкир мекунанд..Мисли хамин муфти ки дар точикистон худудан 700 000 зан бева аст тахкирашон карда аст ва танхо худро хак медонад ва хамин амри муфти е дигар масулони давлати боис мешаванд ки ин занхои тахкиршуда ва дигар афроди тахкиршуда мухолифинро ташкил диханд.муфти ба ту намезебад ин кадар занро тахкир куни.зеро инхо кам нестанд ки мардум аз ин харфат норохат шаванд...умарали,

Maryam
Aval barod qozi shuda tarzi gapzadanro bedon va ba beva mondani zanon chi kor dori tu barin mulohoi kosales ziyadand ki hamon haevon surate ki Quvatov khudro mardu jangju medonad bioyad khud bijangad na mardumi bechoraro dar ba dar kunad. Hamin Qozi shuda aval harfzadanatro bedon Shumo barin kursavodon hasteki bechora zanhoro ba azeyat memonedu bo puli haromaton boz pushte zanidegarero megere kozi muhtaram

Собик сохибкор.
Ман хамчу шахрванди Точикистон Котеона аз хукумат талаб мекунам, ки ба доди мардум бирасанд ва зулм накунанд агар дар Точикистон чангу хунрези шавад худи хукумат гунах гор мешавад чун хукумат бояд рафторе намояд то чавонон ба хар хизбу харакат пайрави накунанд чун инсон муьчизае хаст ки агар бо касе душман ва бадбин шавад то охир бадбини мекунад аз хама мухим муомилаи баьзе мансабдорон бовар кунед табьам намекашад бо баьзеаш хурок бихурам вале чунон бо вохима гап мезанад.

ХамдамСаид
Саидмукаррам кори худата кун

Икром
Инсоне, ки барои хукуки миллаташ мубориза мебарад беваю шумо, ки исломро зери пойхои хукумати куфр пояндоз кардаед кахрамонед магар? Ин суханхоятон зеби шумо надорад чаноби муфтии!

Мухочир
Инсоне, ки барои хукуки миллати худ мубориза мебарад беваю шумоки исломро зери пойхои хукумати куфр пояндоз кардаед кахрамонед магар чаноби муфти? Шумо боре аз худ савол кардаед, ки ойо умарали кувватов шуда метавонед йо не? Шумо минбари расули худоро минбари сийосати чаноби оли кардаед ман хайронам, ки дар он дунйо чигуна бо расули худо ру ба ру мешавед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)