Бахшҳо

ИДМ: Аз “пиар”-и президентҳо то “хатар”-и фурупошӣ

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ё СНГ, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Мински Белорус ҷараён гирифт, нишонаҳои ошкори фурӯпошии ин созмон ба чашм расид.


Дар ин ҳамоиш Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон аз шеваи фаъолияти ИДМ интиқод карда, онро “пиар” хонд. Раиси ҷумҳури Украина бошад, дар ин нишаст ширкат накард. Баҳси лафзии раҳбарони Русия ва Молдов дар ҷараёни ҷаласа яке аз мавзӯъҳои аслии расонаҳо шуд. Қабл аз ин Гурҷистон низ аз узвияти ин иттиҳод хориҷ шуд. Тақдири минбаъдаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил чӣ хоҳад шуд? Бо руҳияе, ки сарони кишварҳои узви он доранд, СНГ чӣ қадар умр мебинад? Эҳтимоли яке паси дигар аз он хориҷ шудани давлатҳои узв вуҷуд дорад? Ин суолҳоест, ки барои ҷавоб ба он назди коршиносону соҳибназарон рафтем.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, бо оғози фаъолияти Иттиҳоди АвруОсиё дар моҳи январ Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷояшро ба он медиҳад. Ба қавли ӯ, СНГ рисолаташро иҷро кард ва ҳоло заминаи фурӯпошиаш муҳайё шудааст: “Ба назари ман чунин аст, ки ба ҷои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ Иттиҳоди АвруОсиё рӯйи кор меояд. Таҳлилгарон даҳ сол пеш гуфта буданд, ки ИДМ фаъолияташро қатъ мекунад”.

Бобоҷон Шафеъ, коршиноси масоили минтақавӣ низ муътақид аст, умри Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо чунин шеваи фаъолият давомдор нахоҳад буд: “Ин нуктаро коршинсон аз замони таъсисаш гуфтанду мегӯянд. Ислом Каримов ҳеч сухани нав нагуфтааст, балки он чӣ коршиносон гуфта буданд, дубора такрор кард. Аммо он чи Ислом Каримов дар робита ба фаъолияти СНГ таъкид кард ба ин маъно буд, ки худи сарони кишварҳо низ ба ояндаи ИДМ бо ин шеваи фаъолияташ бовар надоранд”.

Ҳузури Иттиҳоди давлатҳои муштаракулмонофеъ дар маҳдудаи кишварҳои пасошуравӣ барои қисме аз кишварҳои таҳти нуфузи Русия дар ҳоли ҳозир муҳим будааст. Дар робита ба ин гуруҳе аз коршиносон муътақиданд, ИДМ дар оянда низ фаъолият хоҳад кард. Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ бовар дорад, ин иттиҳод имконият барои ба баҳс гирифтани ин ва ё он мушкили кишварҳоро дорад. Бо ин далел фаъолияти он дар оянда давом хоҳад кард: “Ин иттиҳод имкониятҳои хеле хуби раду бадали афкори сиёсиро дорад. Кишварҳои узв ба ин тариқ мушкилҳои мавҷудаеро, ки домангирашон аст, баррасӣ мекунанд. Бовуҷуди он ки ин иттиҳод гумон аст, кадом як қарори ҷиддиву сиёсӣ қабул кунад, аммо чанд соли оянда арзи вуҷуд хоҳад кард”.

Аммо Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дурнамои фаъолияти ИДМ чандон рушан нест. “Кишварҳое мехоҳанд аз ин гуна созмонҳо манфиат бубинанд. Миёни Русия ва Қазоқистон дар заминаи ташкили Иттиҳоди АвруОсиё баҳс буд. Яъне, Остона таваққуъ дошт, бо он тавонмандие, ки кишварҳои аврупоӣ доранд, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак кунанд, то ин минтақа рушд пайдо кунад. Бо дар назардошти ҳамин гуна манфиатҳо Қазоқистон мехоҳад, аз Иттиҳоди АвруОсиё бурд кунад. Маскав низ барои манфиати худ талош мекунад. Ҳоло баҳси ворид шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё хеле ҳасос аст”,-мегӯяд ӯ.

Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири ҳафтаномаи “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон низ бовар дорад, бо фаъол гардидани Иттиҳоди АвруОсиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай зарурати идомаи фаъолияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил намемонад: “Баъд аз тақвият ёфтани фаъолияти созмонҳои минтақавӣ, мисли Иттиҳоди кишварҳои АвруОсиё ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай, зарурат ба мавҷудияти ИДМ намемонад. Мисли ин ки ЕврАзЭс-ро ЕАЭС иваз намуд. Ин ҷо ҳеч чизи ғайриинтизор нест ва бояд боиси афсус ҳам набошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меравад ва кишварҳои минтақа низ бо дарназардошти манфиатҳои сиёсиву иқтисодии худ ба созмонҳои мухталиф шомил мешаванд”.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 таъсис ёфт. Пас аз 23 соли фаъолият акнун хатари фурӯпошии он ошкортар мешавад. Ба назари коршиносон, Русия, ки дар ин иттиҳод ҳарфи аввалро мегӯяд бо нақзи бархе созишнома ва санадҳо аъзои созмонро дилсард кардааст ва эҳтимолан қаробатҷӯйиҳои Гурҷистон, Украина ва Молдов ба Иттиҳоди Аврупо аз ин омил маншаъ бигарад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
МатлабVv
Биеед шаф шаф нагуфта СССРро баркарор намоем хамааш хуб мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)