Бахшҳо

Даъвати Кабирӣ аз ҷавонон дар пайи овозаҳои “митинг”-у ситоиши "Ҷумҳурият"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар пайи овозаҳои “митинг” дар Душанбе бо ҷавонони кишвар мулоқот мекунад.

Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, дар вохурии навбатии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон интизор меравад, “баҳсу гуфтугӯ бештар атрофи вазъияти сиёсии кишвар, аз ҷумла ҳаводиси охир сурат бигирад”.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрии раиси ҲНИТ бо ҷавонон рӯзи 17 октябри соли ҷорӣ соати 14:00 дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, иштирок дар он озод аст. Дафтари матбуотии ҲНИТ мегӯяд, инчунин шаҳрвандон метавонанд, ҷараёни вохурии раиси ин ҳизб бо ҷавононро мустақиман тавассути шабакаи иҷтимоии “ZELLO” дар гурӯҳи “NAHZAT 2015” пайгирӣ намоянд.

Ин мулоқоти аввалини Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон набуда, ӯ чунин дидорҳоро пайваста анҷом медиҳад ва бори охир рӯзи 12 сентбри соли ҷорӣ бахшида ба 23-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мулоқот карда буд. Силсила дидорҳои раиси ҲНИТ ва баҳсу гуфтугӯи рӯбарӯи ӯ бо ҷавонони кишвар дар ҳолест, ки ахиран “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон иқрор кард, ки ӯ як шахси ҳимоятгари манофеи миллӣ аст. Нашрияи таъсисдодаи Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолиятҳои ахири Муҳиддин Кабирӣ дар майдони сиёсату ҳаводиси охири кишвар ситоиш карда, гуфт, “бояд иқрор кард, ахиран раиси ҲНИТ - Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун нафаре муаррифӣ кард, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ авлотар медонад. Номбурдаро муяссар гашт, ки тавассути иқдомоти дурандешонаи сиёсӣ дар давраи интихобот аз як ҷониб манфиатҳои умумимиллиро бар ҳадафҳои ҳизбӣ-гурӯҳӣ боло гузорад ва аз тарафи дигар пайдо шудани рахнаро дар муносибатҳои ҳизбу давлат пешгирӣ кунад.”
Мӯҳр
ап
Кабири ба хизмати дарбор гузашт. Барои як курсича дар парламент. Бас кун ба гуши чавонон лапша кашол карданро. Нест ба ту бовари. Дар интихоботи президенти хам хамаро чунон мохирона фиреб карди, ки ягон кас аз бозии пасипардагиат дарак наефт.

Ахлиддин
Ман аз бекадрии хори сари девор донистам, ....... сад дар сад Кабири маддохи дарбор аст.

дилсуз
Ба Кабири дигар бовар накунед. Кабирихам барои халк не, барои худашу хешу табораш харакат карда истодааст. Агар дилаш ба халк месухт баробари Умарали мардума ба рохи хак, халоси аз ин хукумат мубориза мебурду обу руи худашро паст намезад. Кабири тарсид ки агар Умарали биёяд дигар ба у курсии призиденти намерасад. Шахсан ман тарафи Кабири будам,худ хулоса бароред кани кадом суханаш дар бораи озодии халки точик рост меояд. Холохам фурсат дори агар тарафи мардуми бечора боши, боварии мардума аз даст надех.

точик
Миёни точикон ва русхо дар вакти аскари чанчол мешавад. Харду гурух омодаги барои набард мегиранд. Шаб ба назди чавони точике омада бедораш мекунанд, барои чанг бархезад. Он нафарро чун бедор карданд, аз масъала пурсида ба пахлуи дигар гашта хоб мекунад. Рафикаш мегуяд, хез. Магар ту точик нести? Он чавон, ки хам боакл буд ва хам аз ислом бохабар, гуфтааст: точик хастам, вале ахмак не. Чаноби Кабири хам точику мусалмону хизби хаст, вале ахмак не.

Кабири барои дар зери назари Чаноби оли афтад, ки сохиби вазифа шавад, аз мавкеи хукумату Президент химоят карда истодааст. Акнун ин холи мо чи мешуда бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)