Дарси “зиракӣ”-и Муҳиддин Кабирӣ ба масъулини ҲНИТ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 бо ташкили курсҳои омӯзишӣ ба боло бурдани сатҳи дониши сиёсию фарҳангии аъзои худ, аз ҷумла масъулинаш оғоз кардааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳадаф аз ташкили чунин давраҳои омӯзишӣ боло бурдани огоҳии сиёсию фарҳангии масъулини ин ҳизб мебошад. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, дар доираи ин курси омӯзишӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва бархе муовинони ӯ аз мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла ҷомеаи мавриди назари ин ҳизб, дар бораи интихобот ва шеваҳои таблиғу суҳбат бо ҷавонон дарс хоҳанд гуфт. “Раиси ҲНИТ ба масъулини ҳизб дар бораи ҷомеаи мавриди назари наҳзатиҳо ва омилҳои ақибзадагии мусулмонон дарс мегӯяд. Яъне, имрӯз ҲНИТ чӣ гуна ҷомеаро қабул дораду мусулмонон чаро бештар ба гузаштагони худ ифтихору иктифо доранд,”- афзуд Файзраҳмонов.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |