Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо муовини раҳбари НАТО
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба шаҳри Брюссел бо Александр Вершбоу, муовини дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар доданд, дидори Аслов бо Вершбоу рӯзи 21 октябр сурат гирифта, дар он масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони низомӣ баррасӣ шудааст.
Инчунин ҷонибҳо бархе масоили мубрами минтақавӣ, аз ҷумла “мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва дурнамои он пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалиро ба баҳс кашидаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |