“Азия плюс”-ро бо амри Бег Сабурӣ бастаанд?
Масъулини Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс” мегӯянд, ширкатҳои дастраскунандаи интернет барои масдуд кардани торнамои онҳо аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мактуби расмӣ гирифтаанд.
Зебо Тоҷибоева, сармуҳаррири Оҷонсии иттилоотии “Азия плюс” имрӯз, 22 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз рӯзи гузашта дастрасӣ ба торнамои “Азия плюс” маҳдуд шудааст. Номбурда мегӯянд, талоши онҳо барои тамос бо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқа бенатиҷа будаанд: “Мо мактуби расмии Хадамоти алоқаро дар бораи масдуд кардани сайт дидем. Сабаби ин тасмим ҳоло бароямон норушан аст”.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон сомонаҳои хабарӣ дастнорас мешаванд. Қабл аз овозаҳо дар бораи баргузории митинг дар шаҳри Душанбе ҳам як қатор торнамоҳо масдуд шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |