Ҳушдори Руҳонӣ аз эҷоди ноамнӣ дар ҷомеаи Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон зимни суханронӣ дар вилояти Занҷони ин кишвар гуфтааст, мабодо амри маъруф ва наҳйи мункар дар ҷомеа ҳамчун василаи тафриқаандозӣ аз сӯйи бархе гуруҳҳои манфиатҷӯ истифода шавад.
Раиси ҷумҳури Эрон аз моҷарои кислотапошӣ ба рӯйи духтарон дар Исфаҳон ёдовар шуда, масъулини кишварашро аз хатари эҷоди “ноамнӣ дар ҷомеа” ҳушдор додааст. Руҳонӣ гуфтааст: “Бояд ба ёд дошта бошем, ки ин фарзия як амали мутақобил низ маҳсуб мешавад. Мабодо рӯзе калимаи амр ба маъруф ва наҳйи мункар, ки бояд василаи иртиботи наздиктари ҷомеа ба якдигар ва даъвати ҳамагон ба хайру некӣ бошад, ба василае барои тафриқа ва ҷудоӣ табдил шавад”.
Ин изҳори назари Ҳасани Руҳонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде пеш дар шаҳри Исфаҳони Эрон ашхоси номаълум ба руйи духтарон кислота пошиданд. Ин амал сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард ва ҳатто сабаби гирдиҳамоии мардуми Эрон шуд, ки аз масъулин тақозои дастгир кардани омилини ин амалро намуданд. Сару садоҳое буд, ки ин духтарон барои риоят накардани ҳиҷоб мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Аммо ба гузориши Исмоил Аҳмади Муқаддам, фармондеҳи пулиси Эрон ҳамаи духтарҳое, ки ба рӯяшон кислота пошида шудааст, ҳиҷобдор ва аз хонаводаҳои мутадайин будаанд. Гуфта мешавад, бо иттиҳоми кислотапошӣ се тан боздошт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |