Бахшҳо

Эълони Оҷонсӣ дар арафаи анҷоми тафтишот алайҳи Зайд Саидов

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми октябр бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.

Дар иттилоияе, ки ин ниҳод нашр намудааст, таъкид шудааст, ки дар робита ба парвандаҳои Зайд Саидов алайҳи 14 нафари дигар, аз ҷумла 4 нафар масъули ширкати сохтмонии “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 мутасаддии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 масъули ширкатҳои дигари тиҷоратӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Оҷонсӣ ишора намудааст, ки саҳмияҳои бисёре аз корхонаҳои Зайд Саидов ба номи писараш, Хайрулло Саидов сабт шудаанд, ки дар шиносномааш санаи таваллуди ӯ чор сол калонтар -1978 нишон дода шудааст.

Дар иттилоияи Оҷонсии мубориза бо фасод аз ҷумла омадааст:

“Аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Саидов Зайд Шерович ва дигарон дар арафаи баитмомрасӣ қарор дорад. Тафтишот собит сохт, ки Саидов З.Ш. дар давоми аз 23 июни соли 1999 то 30 ноябри соли 2006 дар вазифаҳои Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд то моҳи майи соли 2013 дар вазифаи Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон кор карда, ҳамчун шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол менамуд, бо истифода аз ин мансаби давлатӣ чанд иншоотҳои давлатиро, аз ҷумла, ИИ “Тоҷикзаргарсаноат”, “Ошхонаи бинои маъмурӣ”-и собиқ Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КХ “Лаъл”, ҶСШК “Электроника-М”, “Маркази илмӣ”-и назди Вазорати Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро ба номи худу наздиконаш ғайриқонунӣ хусусӣ гардонид. Ҳамчунин, дар аснои аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ харидорӣ карда шудани бастаи саҳмияҳои ҶСШК "Азот", ҶСШК «Гулистон» ва ҶС «Абрешим» бо истифодаи ваколати мансабӣ, ғайриқонунӣ мусоидат карда, ба ивази ин 5 фоизӣ саҳмияҳои ҷамъиятҳои номбурдаро мувофиқан бо арзишҳои номиналии 1 547 000 сомонӣ, 135000 сомонӣ ва 124200 сомонӣ ройгон гирифта, онҳоро барои ниҳон доштани манфиатдории шахсӣ, дар асоси ҳуҷҷатҳои сохтакорона омодакардашуда, ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ки дар шиносномаи охирин санаи таваллудаш «25 апрели соли 1978», яъне 4 сол калон қайд карда шуда буд, ғайриқонунӣ расмӣ гардонид. Инчунин, Саидов З.Ш. дар аснои аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, ки худ дар асл соҳибмулки воқеии ҷамъият буд, бурдани сохтмони иншоотҳои “Душанбе-Плаза” ва «Мактаб барои 1354 ҷойи нишаст, дар заминаи мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ба миқдори умумии 34.037.684,25 сомониро бо роҳҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф кард ва бар замми ин, аз супоридани андозҳо ба буҷаи давлат ба миқдори махсусан калон, ба маблағи умумии 11.479.053 сомонӣ, ки бо ҷарима ва фоизҳояш 15.954.276 сомониро ташкил медиҳанд, саркашӣ намуд. Баъдан бо мақсади рӯйпӯш кардани маблағҳои тасарруфкардааш дар санадҳои ҳаҷми кор ва арзиши корҳои иҷрошудаи иншоотҳои давлатӣ изофанависӣ карда, маблағи зиёда аз 24.000.000 сомониро, ки тасарруф карда буд, пинҳон кард. Нисбати Саидов З.Ш. барои ин ҷиноятҳои содиркардааш бо моддаи 314 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ ҶТ, яъне сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст, бо моддаи 245 қисми 4, банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори махсусан калон бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, бо моддаи 262 қисми 3 банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда ва бо моддаи 292 қисми 2, банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, айб эълон карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба лаҳзаҳои мазкур 14 нафар, аз ҷумла, 4 нафар масъулини ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 нафар мутасаддиёни Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 нафар масъулини ширкатҳои тиҷоратӣ, бо моддаҳои 292 қисми 1 КҶ ҶТ, яъне ба миқдори калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, 295 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, 340 қисми 2, бандҳои “а,б” КҶ ҶТ, яъне сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст ва 322 қисми 1 КҶ ҶТ, яъне хунукназарӣ айбдор дониста шудаанд.”
Мӯҳр
Тутихон
Гайр аз Зайд Саидов магар дигар кор надоред Дар дуне мусулмононро кушта истодаанду шумо аз паси кори намешудаги даву тоз доредц

Лоик
Итари бам не як бечорраи музлимро ин кадар мехоедпа

Сайлов
Хисобхои бонкиша бинед, ки чанд сумро дуздидааст...

Азиз
Очонси чаро гурба Зайдро делои чинояти накушоди вакти бози карданаш пашшхоро ба хар тараф пош медод, Хамаи чиноятхои кардагии у ва ахли оилаву хонаву адвакатхои уро ба назар бояд гирифт.

эха ин хел бошад ин вазирхои мо милардеран гуед. О чи мешавад ки хаминхоро пеш зарар овардан ба давлат тафтиш кунен.

Хамара вакт нишон мета ки гунахкорай

Сабохат
Э бародарон наход Шумо ин кадар берахм бошед Зайд Саид мисли Вазирони хозира он кадар гунох накардааст ки ба 26 сол аз озоди махрумаш кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)