Бахшҳо

Ишкамкалон-раис, зани барроқу "ҷавоҳирпӯш-тоҷир, папкабадасту зери манаҳаш тарошида-шукронагӯ?

Рустами МАҶИД

Дар кӯчаҳо шахсони зиёд дар либосҳои гуногунро мебинӣ. Ана он духтарак бо бантик ва либоси сафеду сиёҳ дар даст ғижжак ба мактаби мусиқӣ меравад. Он писарак бо ҷузвдону либосҳои “инкубаторӣ” бозикунон аз мактаби миёна омада истодааст. Ин хилъатсафед дар донишгоҳи тиббӣ мехонаду, он пошнабаланд, эҳтимол, ба наздикӣ дипломи омӯзгорӣ мегирад.

“Жилетка”-и норинҷӣ шурӯъ аз нисфи шаб кӯча мерӯбаду “жилетка”-и сабз дар бозори Шоҳмансур ароба мекашад. “Жилетка”-и барроқ нозири роҳ аст, милиса бошад – бидуни жилетка.

Ин марди шикамдор бо шиму костюм ва галстук раис аст. Маълум нест, ки раиси кадом як зерсохтори корхонаи ҳукуматист ё раиси ягон корхонаи тиҷоратӣ, аммо чун шикам дорад – навад дар сад эҳтимол дорад раис аст: Аз дар аввал “корти шиносоӣ” медарояд, сипас худаш. Он зани саропо барроқу пур аз ҷавоҳирот ё ҳамсари ҳамон раис аст ё ҳамин рӯз аз Туркия “бори” навашро барои фурӯш овардаю барои дар гумрук камтар пул додан ҳамаи онро ба бар кардааст. Ба кадом турфа ворид шуданашро пас аз мушаххас кардани тилло ё зарҳалӣ будани ҷавоҳироташ мефаҳмем.

Ин мӯйсафед бо асо ва гоҳо бо ягон нишон ё медал, ки биноҳоро бодиққат аз назар мегузаронад, хотироташро аз замони зербинои шаҳрро гузоштанаш тоза мекунад. Ба ёд меорад, ки чи гуна дарахтҳоро барои дар роҳҳо нишондан интихоб мекарданд ё чи тавр деворҳои театри опера ва балетро сафед карда буд.

Он хушбурут бо костюми оддӣ, ки нархаш аз 600 сомонӣ зиёд несту на камтар аз чор соли охир ҳамкитфи соҳибаш буда аст, коргари оддӣ аст. Муаллим, корманди зинаҳои поёни давлатӣ ё пизишк аст, ки пас аз кор сайругашт мекунад. Агар либосаш “инкубаторӣ” набошаду дар сараш сарпӯши “ленинӣ” ё гарданбанд дорад, пас аз аҳли фарҳангу адаб аст.

Гуруҳе, ки бо хилъатҳои хонагии тӯли моҳҳо ношуста ва калӯшу рӯймоли бетартиб ва дастони обиладору рӯи гандумгунаш сӯхта сӯятон даст дароз мекунад, на ба нияти салом, балки бо мақсади як сомонатонро талбидан наздатон омадааст. Гоҳо, “талбандагони баинсоф”, ки аз рӯи зарурат, на аз рӯи бекорхӯҷагӣ дидаи умед ба дасти ҷайбатон медӯзанд, дидан мумкин, аммо одатан онҳо либоси куҳна, аммо то ҳадде озода ба бар доранду хирагӣ намекунанд.

Ин зан, ки ба оҳистагӣ қадам мезанад ва агар аз назди ягон "талбандаи баинсоф" гузарад, либосашонро фарқ кардан мушкил аст, дида ба рӯи раҳгузарон медӯзад. Шояд, чашмони шиносро меҷӯяд. Танҳо ҳангоми бо мақсади кумак наздаш омадан мефаҳмӣ, ки тӯли панҷоҳ ё шаст соли охир ба наслҳо таълиму тарбия додаасту эҳтимол дорад миёни руасо шогирдони кам надошта бошад. Аммо имрӯз маҷбур аст либоси охири даврони шӯравӣ харидаашро пӯшаду қадам занад.

Аз наздаш марди ҷавоне бо либоси шику шинам беист бо телефон суҳбат карда, ба сӯи мошин мешитобад. Суҳбаташ бад нест, нисбатан ором аст, аммо ба атроф қариб нигоҳ намекунад. Ӯ ё ягон масъули бонк аст ё соҳибкоре рӯ ба барор аст, ки ба қавле худаш худашро сохтааст.

Аз мошини дигар ду-се писару духтар бо телефонҳои қимату либосҳои шинаму тоза, аммо на ҳамеша шик (имрӯз мӯди охиринро аз либоси хуб шустаю дарзмолшудаи бомжҳо фарқ кардан мушкил аст) мебароянд. Инҳо аз қабили “ҷавонони тиллоӣ” ҳастанд, ки ба эҳтимоли зиёд ба ягон клуб ё дискотека мераванд.

Назди бозор ҷамъияте аз мардонро мебинед, ки либосашон саҳарӣ аксаран тоза, аммо на ҳамеша озода асту ба андозаашон кам мувофиқат мекунад. Одатан, дар дасташон ё наздашон асбоби сохтмону таъмир доранд. Инҳо муҳоҷирони меҳнатии дохилиянд – аз манотиқи гуногун барои дарёфти қути лоямуте ба шаҳрҳои калон меоянд.

Ана ин ду нафар, ки аз ханда лабонашон қариб ба гӯшҳо расидааст ва дар даст сумкаҳои калон, одатан бо навиштаи “Россия”, ва дар бадан либосҳои нав ва нисбатан хуб доранд, ҳамин субҳ ё дирӯз бо хатсайри охирин аз Руссия омадаанд. Инҳо муҳоҷирини “экспортӣ” ҳастанд, ҳамонҳое, ки буҷаи мардумро пур карда, нишондоди маҷмуи маҳсулоти дохилиро боло мебаранд.

Ин ҷанобони костюмдор, ки маълум карда намешавад дар кадом хонаи мӯд либос мепӯшанд, одатан мутобиқати либосҳояшонро аҳамият намедиҳанд ё дидаю дониста чунин либос ба бар менамоянд. Андозаи либосашон на ҳамеша ба худашон мувофиқ буда, дар даст папка ва зери бинӣ мӯйлаб доранду зери манаҳашон тоза тарошида. Инҳо шукронагӯёнанд, ки шукрона гуфтан ҳарфи сари забон ва шиори қаламашон шуда аст...


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Парвиз
Матни бемаъно. чи гуфтан мехост муаллиф?

Ин макола дар бораи чи буд?

Азиз
Парвиз,
fayoz,
Бародар хамин "ОЗОДАГОН"-ат хам озод нест, инро фаромуш набояд кард.

р
Парвиз,

Чукуртар фикр бикун, шояд бифахми. Е шояд кобилияти чукур фикр карданро надори.

Рустам
Рустамро маломат накунед. Дар кучахои Душанбе бе обед гашта-гашта мушохидахояшро навиштааст. Агар ба ошхонаю ресторанхо хам мурочиат мекарду хонахои зиёди беодами харидаи боибачахоро дида таасуроташро менавишт хеле хонданй мешуд...

нависанда
Ин яке аз бемаънитарин маколае буд, ки дар умрам хондам.Озодагон ба инхели мавзуъхои бемаъни рейтингата аз даст медихи! Инчо театр нест ку!

Наход нафахмида бощи............ ? Хаёт давом дорад бо хама пастию баландиаш

vfy
Дар ҳақиқат, маълум нест ки ин муаллиф чӣ гуфтан мехоҳад. Оне ки яке раису сади дигаре зертобеъ ва яке тоҷиру сади дигаре харидори моли он тоҷиранд, табиист. Дар тамоми давру замонҳо ва дар тамоми гӯшаҳои дунё чунин буду чунин ҳаст. Масъалаи асосӣ дар будани озодии интихоб аст. Масалан ман дар Тоҷикистони имрӯза озодии интихоб дорам. Хоҳам ба Русия рафта кор мекунам (бештар пул кор мекунам). Нахоҳам, дар мактаб муаллимӣ мекунам (камтар пул кор мекунам, либосҳои оддитар мепӯшам). Хоҳам тоҷир шуда аз Туркия "бор" меорам (атласу кимхоб мепӯшам), аммо боварӣ надорам, ки лаёқату, ғайрату зарфиятам барои ин кор мерасад ё на. Ба ҳар ҳол чунин интихоб ва имконият вуҷуд дорад. Ҳатто имконият вуҷуд дорад, ки мансабдори калоне шавам, аммо барои ин боз ҳам лаёқату донишу кӯшишу чанд хислату хулқи дигар лозим аст. Агар тавонам, мутахассиси хуб мешавам ва дар Олмон кор пайдо мекунаму зиндагии хуб мегузаронам. Агар тарбияву суннатҳои ахлоқии аз падару бобоям меросгирифтаам набошад, имкон ҳаст ки дузду қаллоб шавам. Ман менишинаму бо тарозуи ақл имконоти худро бармекашам ва мефаҳмам, ки ғайрати бизнесменӣ, лаёқати роҳбарӣ надорам. Лаёқати аробакашӣ, мардикорӣ, дорам. Шукр мекунам, ки имкони аробакашӣ ҳаст ва аробаамро кашида гаштан мегирам. Яъне, шукр кардан ин дарк кардани хештан, имконоти хештан аст, як рукни имон аст, тан додан ба тақдири азалӣ, ба ризқу насиби дар пешонӣ навишташуда аст.
Магар дар Ню Йорк ё Маскав ё Деҳливу Теҳрон дар кучаҳо кучарӯбу полису, муаллиму, донишҷӯву, авбошу, фоҳишаву, рӯҳониву мансабдорро аз ҳам фарқ кардан намешавад? Агар ҳамон рикшаи ҳинду, ё борбардори филиппинӣ, ё мардикори қирғиз дар сохтмонҳои Русия аз ҳаёти худ розӣ набошад (ё ҳадди ақалл ба тақдираш тан надода бошад) ё худашро ба дарё мепартояд ё аз паси кору бори дигаре мешавад.
Бинобарин, ҷаноби оғои мақоланавис, тақрибан 80 дарсади халқи олам шукргӯёнанд, ашхосе ҳастанд, ки мақоми худро дар ҷомеа барои худ муайян намудаанд (новобаста аз он, ки онҳо инро дарк мекунанд, ё на) ва шахсони нисбатан аз ҷиҳати рӯҳонӣ ором ва хушбахт ҳатанд. Яке мардикор асту, дигаре шахтер, яке муаллим асту дигаре пизишк, яке судя асту дигаре прокурор, дигаре мансабдор асту сеюмӣ гандумкор. Ин мардум ҳама шукргузоронанд, беҳтарин инсонҳоянд. Шахсоне ки шукргузор нестанд, ба тақдири худ, ба ризқи азалӣ тан надодаанд, лаёқати табиӣ ва меҳнату саъю кӯшишашон барои ишғол кардани мақоми беҳтаре аз мақоми ҳозираашон кофӣ нест, шукр намекунанд ва инсонҳои бадбахт ҳастанд (аксар нобасомониҳои ҷаҳон аз ин сар мезанад).

Маколаи хуб.Хаети имрузаи ба калам кашидааст.

Замир
Маколаи хеле ва хеле хуб ва бамаврид аст, дархакикат тасвири вокеии мо факат як чиз бояд хатман илова шавад - занони гардангафси танашон чарбзадаву фарбех ва симояшон бисёр ошубгарона ва беадабу бехаё, ки имруз шахри азизу як замоне поку беолоиши ман пуропуру лабрез шудааст далолат ба омадагони сахрои мекунад. Тамоми намуди хакоратро медонанду мекунанд, фохиштарин, бадбуйтарин сухан ва рафтор ки аз табиаташон шаходат медихад аз забонашон хамеша мебарояд. Дар даромадгохи бинохои истикомати нишаста корашон гайбату ки аз кучо буданашро тахлил мекунанд ва аз худ факат меболанду намедонанд ки тамоми мардум аз эшон мутанаффир аст.
Шахсан ман бо портфел мегардам ва гох-гох зери манахамро низ метарошам, аммо харгиз ба ин зиндагии пур аз палидиву патёраги ва зиндагии ноарзандамардиву касиф шукр намегуям, калимаи шукр барои ман манфуртарин калим аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)