Бахшҳо

Шикояти Насимов ба Эмомалӣ Раҳмон аз домодаш

Идимурод Насимов, сокини ноҳияи Айнӣ бо ирсоли як нома унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар муҷозоти домодашро талаб кардааст.

Ин сокини ноҳияи Айнӣ рӯзи 27 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, домоди худ - Дурахшон Мираковро дар марги духтараш – Дилфуза Насимоваи 23-сола ва модари тифли 8-моҳа гунаҳкор медонад. Ӯ мегӯяд, маҳз рафторҳои “номуносиб”-и Дурахшон Мираков боис шудааст, духтараш бо вуҷуди тифли хурд доштан ба ҷони худ қасд намуда, худро ба дарёи Зарафшон андохтааст: “Мисли давраҳои ғулому ғуломдорӣ рафтор карда, Дилфузаро маҷбур мекардааст, ки хонаи падару модар ва хешони падарат намеравию кӯдакро ба касе ҳам нишон намедиҳӣ. Ӯро аз тамоми озодиҳо маҳрум карда, то худкушӣ расонидааст”.

Оқои Насимов мегӯяд, духтараш замоне даст ба худкушӣ задааст, ки ӯ дар Русия буд. Ба гуфтаи вай, борҳо назди модараш омода, аз рафторҳои номуносиби шавҳар шикоят кардааст, вале модари Дилфуза ҳар бор духтарашро ба сабру таҳаммул даъват намуда, дубора ба хонаи шавҳар мефиристодааст. Идимурод дар номаи худ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон шикоят кардааст, бо вуҷуди айбдор будани Мираков дар марги духтараш беш аз 5 моҳ мешавад, ҳеч яке аз ниҳодҳои қудратии кишвар ба ин қазия аҳамият надодаанд. Мираковро гӯиё ба хотири гурез аз ҷавобгарӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳи кишвар фиристода ва айни замон дар Горди миллии Тоҷикистон адои хидмат мекунад.

“Касе то имрӯз Мираковро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидааст, ӯ боз ба хидмат ба Горди миллии Тоҷикистон гузаштааст. Наход дар Горди миллии Тоҷикистон чунин ашхоси ҷиноятпеша бошанд, ки онҳо оилаи худро лату куб намоянд, занаш аз дасти шавҳар худро ба об партофта, худкушӣ намояд ва касе ин гуна ашхосро ба ҷавобгарӣ накашад. Муҳтарам Президент ва Прокурори генералӣ! Ба доди ман расед. Дар асоси қонун бояд ки дар маҳбас Мираков Д. шинад. Ӯ дар даст яроқ дорад, имкон дорад, аз қисми ҳарбӣ гурехта, моро паронад, кӣ моро ҳифз менамояд? Хоҳиш менамоем, ба доди мо расед”,- омадааст дар номаи сокини ноҳияи Айнӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ozodi ayda namedonen hamikhe sarlavha memonen sharm knen besavodo!

Рутон дар чи....., хамин махсус хамин хел сарлавха мемонетон, ки одамонро шур андозен. Аклатонро уже хурде.

Сайф
Сомонаи "Озодагон" ба фикрам корманди хуберо дарёфт кардааст, ки дигар сомонахо надоранд:
"Мутахасиси оиди сарлавхахои вохиманоку фантастики".. :)


.....медонам, ки чоп намекуни.....)))

88
Сайф, Диккат диккат - обо-оо ! Дахшааат!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)