Бахшҳо

Пуштибонии Ҷумҳурият аз Русия ва интиқодаш аз Азҳару ҲНИТ

Ҷумҳурият – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо нашри ду матлаб ба сари қудрат омадани исломгароёнро омили аз байнбарандаи сулҳу субот дониста, кишварҳои исломӣ, бо шумули донишгоҳи Азҳари Мисрро тавлидкунандаи ифротгароён хондааст.

Ин нашрия дар матлабе бо унвони “Исломгароёни ифротӣ кинаҳо бар синаҳо мезананд” менависад, “аксари кишварҳое, ки режими исломӣ доранд ва ё дар он давлат исломгароён бар сари ҳокимият ҳастанд, нофаҳмӣ байни давлат ва ҷамъият ба назар мерасад. Ҷангу муқовиматҳо дар ҳамин гуна кишварҳо чӣ дар гузаштаву чӣ ҳозира идома доранд”.

Муаллифи ин матлаб аз нооромии солҳои 90-уми Тоҷикистон мисол оварда, дар ҷанги шаҳрвандӣ Ҳизби наҳзати исломиро айбдор кардааст. Ба таъкиди ӯ, маҳз дар ин солҳо исломгароён давлатро дар вартаи нестшавӣ қарор дода буданд: “Як чизро бояд зикр намуд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳамин исломгароён давлатро ба вартаи нестшавӣ оварда буданд. Мухолифони тоҷик дар доираи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва ҳамин ҳизб боиси бадбахтии халқи тоҷик дар он давра гашта буд”.

Муаллифи ин матлаби нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар хитоб ба ҳаводорони ташкили давлати исломӣ меафзояд, аз таърихи пешини ҳамаслакони худ ва таҷрибаву тавони идории онҳо дарси ибрат бигиранду ин ҳавою ҳавасро аз сар берун намоянд: “Онҳое, ки орзуи давлати исломиро мекунанд, бубинанд, ки ҳамақидаву ҳаммаслаконашон то кадом сатҳ имкони раҳбариро доранд ва аз нафъашон дида, зарарашон ба мардум зиёдтар мерасад”.

Ҷумҳурият дар матлаби дигар аз бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар ва Миср ҳамчун тарбиягарони ифротиҳо ном бурда, гуфтааст, маҳз ин давлатҳо омили аслии паҳн шудани ифротгароён дар кишварҳои дунявиянд. Ин нашрия дар матлабе, ки ба қалами Ҳафиз Холиқзода, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон рабт дода мешавад, менависад, “таҳқиқоте, ки анҷом ёфтаанд, тасдиқ мекунанд, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Миср ва Донишгоҳи ал-Аҳзари он ва дигар кишварҳои исломӣ марказҳои тавлиди тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ҳастанд. Маҳз ҳамин марказҳо ҳастанд, ки ба кишварҳои дунявие чун Русия, Олмон, Англия ва ғайра ифротгароиро паҳн мекунанд”.

Дар идомаи матлаб аз Русия ҳимоят шуда, таъкид гардидааст, ки митинги 10 октябри соли равонро ифротгароёни динӣ мехостанд ташкил кунанд, на ифротгароёнӣ дунявӣ. Ба навиштаи Ҷумҳурият, созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ва раҳбари он, исломгаро мебошанду яке аз ҳамсангарони фиребхӯрдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба шумор мераванд: “Барои пурра ташаббусро аз ихтиёри “Гурӯҳи 24” гирифтан Кабирӣ ҳатто мегӯяд, пешвоёни онҳо ақидаи исломи сиёсӣ надоранд, дар ҳадафҳои онҳо бо ҳизби ӯ ҳеҷ рабт ва монандие намебинад. Онҳоро тундгарои дунявӣ эълон мекунад ва тундгароиро ба “Русияи дунявӣ” марбут медонад, на ба донишгоҳҳои ал-Аҳзару Саудиву дигару дигар”.

Тарбиягари ифротгароён хондани Мисру донишгоҳи исломии ин кишвар – Азҳар аз сӯи нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира дар вохӯрии ахираш бо доктор Аҳмад Таййиб, шайхи Азҳар гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон ҳавасманди рушди равобити худ бо ин донишгоҳи исломӣ ва истифода аз равиши илмии он мебошад, ки дар асоси эътидол ва дурӣ аз хушунату ифротгароӣ поягузорӣ шудааст.
Мӯҳр
ва
Хамин Чумхуриятро магар ягон нафар мехонад?

Чавоб ба ва, тамоми олам ва хатто кам кам Президенти ИМА Барак Обама мутолиа менамояд.

Хамин Чумхуриятро аз сабабе ки касе намехонадаш , озодагону точнюс дигару дигар , реклама мекунан, айбаст озодагон баскунед рекламаи хаминора монен аз шайтонии хамин газетахои хукумати . Агар навиштахои Чумхурият барои мо мухим бошад кофта мехонем , шуморо чи ?

Воқиан ин интиқодот холи аз ғараз нестанд.Агар амиқтар нигоҳ кунем,худи наздикони мақомот ва ё кадрҳои ҳукумат дар чунин Донишгоҳҳо таҳсил кардаанд ва доранд мекунанд . Бино бар ин,ҳар чанд интихобот наздик мешавад,нашрияи расмии ҳукумат даст бо чунин ҳангомасози мезанад.Мебояд инро ёдовар шуд,ки паёмадҳои дар ҷаҳони араб рухдода далил меоранд,ин дурандеши барои сарнавишти худ мебошад,на барои миллату кишвар.Агар ин,ки барои миллату кишвар чизе кардаанд,марҳамат карда бифармоянд,ки чи кардаанд ? Дар давоми 20 сол чанд фисад саффи муҳоҷирони кориро коҳиш додаанд ? Чанд корхонаи по бар ҷои карда ва мардумро барои ҳамешаги ба кор таъмин кардаанд ? На ин,ки чунин кардаанд,он чизе кардаанд,дорои соҳибкоронро бо ҳар ҳиллаю найранг аз худ кардаанду бас !!!

Исфара
Хамин чумхуриятро саг намехонад озодагони мухтарам маколахои чумхуриятро нашр накун ретингатро аз даст медихи

Rahmat Mahmad
Рутон СМЁХ БАДБАХТО БЕ ИМОНО Т КОФАР БА ИСЛОМ ЧАНГ НАЗАН

Писатель
ва,
Чукча писатель, а не читатель!

Низоми,
Бародар ин интикдодхо чой ва асос доранд, Агар беасос мебуд ин Кабири ва дигар шахсони "бообруи" ХНИТ аз Эрону Узбекистон сар карда то ООН шикоят мебурданд, ки ба номи мо тухмат мезананд, Мегуи ки Хукумати хозира ба мардум чизе накардааст, агар чукуртар назар афканем, Агар хамин МАНСАБПАРАСТИИ ХНИТ дар солхои 1992-1997 намебуд, имруз Точикистон дар катори давлатхои пештараи Осиёи маркази аз чумла Узбекистон мешуд. Дар хусуи мухочирони мехнати бошад, Имруз кадом давлати дунёро медони ки мухочир надорад? Кариб аз 100%, 95% давлатхои дунё мухочир доранд. Аз хама чизи кимматтарин ин СУЛХ, ВАХДАТ, ОБОДИ хаст ки Точикистон инро дорад, Иншоолох бовари хаст ки дар ояндаи наздик боз хам зиндагии мардуми мо бехтар мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)