Бахшҳо
28 окт 2014 11:41Тоҷикистон / Тема дня

Таърифи Раҳмон, қонунҳои “коғазӣ” ва мавқеи 115-уми Тоҷикистон

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо нашри як гузориш озодии матбуотро дар 180 кишвари ҷаҳон радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷойи 115-ум қарор додааст.

Дар гузориши ин созмон, ки барои соли 2014 таҳия шудааст, аз ҷумла омадааст: “Пӯшиши корзори интихоботии раёсати ҷумҳурии соли 2013-и Тоҷикистон дар расонаҳои умумиҷумҳуриявӣ ба шакли возеҳ ба нафъи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки беш аз бист сол аст кишварро идора мекунад. Масдудсозии худсаронаи хабаргузориҳои интернетӣ ба як амри оддӣ табдил шудааст. Инчунин қонунҳои хубе, ки дар Тоҷикистон расман вуҷуд доранду шароити хуби озодии баёнро пешбинӣ кардаанд, танҳо рӯи коғаз буда, аксаран дар амал иҷро намешаванд.”

Бо вуҷуд Тоҷикистон дар ин гузориш танҳо аз Қирғизистон ақиб монда аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон дар ҷойи 97, Қазоқистон 161, Узбакистон 166 ва Туркманистон дар зинаи 178 қарор гирифтаанд.

“Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, озодтарин матбуот дар Финляндия, Нидерландия, Норвегия ва маҳдудтарин дар Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва Эритерия мавҷуд аст. Таҳиягарони ин раддабандӣ ба сатҳи гуногунандешӣ, муҳити иттилоотӣ, заминаи қонунӣ, шаффофият, инфрасохтор ва худсензура баҳо додаанд.
Мӯҳр
Кулоби
Озодии матбуоте, ки дар Точикистон вучуд дорад аз аксар кишвархои осиё ба кулли фарк намуда лекин ин кишвархои гарби мехоханд, ки озодие, ки дар мисру дигар кишвархои араби буд ва сабабшам маълум буд тазохуротхои оммави ба хиёбонхо кашидани мардум натичаи охиринаш ташкил намудани ходисахои Украина ва пароканда намудани миллати точик ва чизе, ки ин сарзамин дорад он кишвархо мехоханд ба манфиати худ истифода намоянд.Хаминро мехохан аммо давлат Точикистон аз ходисахои солхои 90-уме, ки дар кишвар гузашт ва мардуми азобдидаи точикро ба вартаи оташу хун кашонид, ходисахое, ки дар кишвархои араби ба миён овард, ки холо хам мардумони ин давлатхо азоби онро чуброн намудаистодаанд ва охирон ходисахое, ки хушдори чидди ба мардуму давлати Точикистон метавонад шуда ин ходисахои Украина буд, ки аз як ходисаи хурди оммави ба чанги шахрванди оварда расонид, ки холо рохи халли онро ташкилкунандахошон кофтаистодаанд аммо намеёбанд ва худо нигах дорад мардуми счарбаланди точикро ки ба игво ва бофтахои кишвархои гаруб россия дода намешаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)