Бахшҳо

Эътирофи "гуноҳ"-и Хайрулло ва талаби қатъи "сиёҳкунӣ"-и Зайд Саидов

Бузургмеҳр Ёров ва Исҳоқ Табаров -- вакилони мудофеи Зайд Саидов аз раҳбарияти Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон тақозо кардаанд, аз “сиёҳ” кардани нафари таҳти ҳимояташон даст бардоранд. Онҳо рӯзи 28 октябр бо пахши изҳороте аз додситони кулли Тоҷикистон ҳам хостаанд, ба ин масъала дахл карда, ба гуфтаи онҳо, ба ин қонуншиканиҳо хотима бахшад.

Нигаронии вакилони мудофеи Зайд Саидов аз он аст, ки ҳарчанд тафтиши пешакии парвандаҳои нави ӯ ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале Оҷонсӣ дар як иттилоияи худ дар ин маврид хулосабарорӣ карда, аз ибораи “тафтишот собит сохт” истифода кардааст: “Мутаассифона, барои агентӣ собиқаи фаъолияти худаш низ дар мавриди тафтиши парванда алайҳи Зайд Саидов ибратомӯз нашуд. Ҳамон айбномаву қисмати марбутаи парвандаи пешина дар назар аст, ки агентӣ он замон низ онҳоро “собитшуда” арзёбӣ намуда буду тавассути хулосарониҳои қотеона аз хусусашон иттилоъ паҳн мекард. Вале суд, чуноне маълум аст, онҳоро ба иллати собит нашуданашон ба тафтишоти иловагӣ бозгардонд”.

Бузургмеҳр Ёров ва Исҳоқ Табаров, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳуқуқи Зайд Саидов дифоъ мекунанд, дар ин номаи худ навиштаанд, тамоми далелҳои доштаашонро дар мавриди бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ ба додгоҳ пешниҳод хоҳанд кард: “Аз ҷумла мухтасар метавонем гӯем, ки иддаои Агентӣ нисбат ба зерҳимояамон асосе надорад. Ин шахс он қадар ба арзишу меъёрҳои волои ахлоқӣ эҳтиром қойил аст, ки ҳаргиз бадиро ба касе раво надидааст, ба кисае касе дастдарозӣ накардааст, ҳама гуна хиёнат ба манфиатҳои халқу миллату давлат ба табиати инсониаш заррае мувофиқате надорад. Моликияту сарвате агар дорад, ҳақи ҳалолаш аст, зеро ба он мутобиқ ба талаботи қонун соҳиб шудааст ва ин корро ҳаргиз пинҳонӣ накардааст. Ҳамаи буду бошаш зери назари ҳам мардум буд ва ҳам роҳбарони давлату ҳукумат, сарварону мутасаддиёни вазорату идораҳо. Фарзандаш – Хайрулло воқеан "гунаҳкор" аст: синнашро баланд нишон додааст ва ин «гуноҳ» ба мантиқи ваҳшатангези баёнгари вазъи имрӯза созгор нест – бад ин васила на дуздӣ кардаасту на ғоратгарӣ, на дастдарозӣ ба ҳақи дигари касе, танҳо хостааст вориди мактаб шаваду саводу дониш омӯзад, он ҳам бошад дар кишвари дигар ва он ҳам замоне, ки аз қонуну қонуният қариб, ки асаре набуду дар талоши зист одамон аксаран аз чизе парҳез намекарданд… Бадбахтона чизи муқаррарие, ки имрӯз сари ҳар қадам дучораш меоем дигар аст: одамон табдили сабти синну сол ва тағйири ному насаб мекунанд, ки, баръакс, соҳиби на саводу дониш, балки ҳуҷҷат аз хусусаш бошанд”

Онҳо дар охири номаи худ талаб кардаанд, “ба бадномкуниву гунаҳкоркунии Зайд Саидов, ки ҳуқуқҳои ӯро, бахусус ҳамонҳоеро, ки муқаррароти ёдрасшудаи қонун кафолати таъмину ҳифозаташонро додааст, хотима дода шавад. Ҳамзамон аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорем, дар робита ба қонуншиканиҳое, ки изҳороти мазкур боисашон шудааст, чораҳои пешбининмаудаи қонунро биандешад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
навор
дигар объекти мавриди фишор намонд, зиндониро хам дубораву себора айбдор мекунанд. Акнун фахмидам чаро баъзе донишмандон барои обруй пайдо кардан назди мансабдорон ленини 90 сол пеш мурдаро танкид мекардаанд.

корбар
Дӯстони азиз! Оё имкон дорад ҳамин мавзуъро як хабар созед?

www.zaidsaid.at

Гурӯҳи ҷонибдорон иттилоъ медиҳад, ки торномаи хосае бо мақсади дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов рӯи кор омад. Итминон дорем, бад ин васила имкони боз ҳам бештари огаҳии мардум аз паҳлӯҳои гуногуни қазияи Зайд Саидов ва талошҳои мавсуфу ҷонибдоронаш дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсие, ки ҷавобгўи армонҳои мардум гардаду тавонад дар пешрафту ободии Тоҷикистони азизамон саҳми босазое дошта бошад, фароҳам меояд. Умедамон бар он аст, ки торнома, ҳамчунин, имкони муносибу мусоидест барои робитаву алоқамандии ҷонибдорону хайрхоҳону ҳамаи онҳое, ки шахсияти Зайд Саидов, ибтикораш, дунёи орзўву армону андешаҳояшро лоиқи таваҷҷўҳ дарёфтаанду дармеёбанд.

Чамшеди Халим
Мезанам мондагии муи сарат мерезад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

0202
Чамшеди Халим,окои Бек Сабур тайёр шав бастани сомона бар гардани шумо...

Салима
Ман бародари Шарофидин Гадоев мебошам Барои чи Ин кадар Бечораи Зайд Саидро Тухмат мекунед аз Худованд битарсед Одамкушро ин кадар мухлат наметиян 26 сол ба дахон осон аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)