Бахшҳо
28 окт 2014 17:12Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳизби ҳоким дархости Раҳматилло Зоировро номақбул хонд

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дархости Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократро барои истифода накардани аксу номи Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи пеш интихоботи парлумонии соли 2015 номақбул хонд. Зоиров истифодаи ному аксҳои президентро аз ҷониби ҲХДТ дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар парлумон мухолифи меъёрҳои Сарқонун хонда, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хост дар арафаи интихоботи парлумонӣ раёсаташро дар Ҳизби ҳоким мутаваққиф созад.

Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демкоратии Тоҷикистон ин дархостро номақбул хонда, таъкид намуд, ки ҳизбашон дар маъракаи тарғиботии интихоботи парлумонии соли 2015 аз аксҳо ва хидматҳои президент истифода хоҳад бурд: “Истифодаи аксу номи президент дар маъракаи пешазинтихоботии парлумонӣ ва тарғибот як анаъна шудааст, ки дар дигар кишварҳо низ маъмул аст. Ин корро ҳамаи раҳбарони ҳизбҳо мекунанд. Чун Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти шинохта ва нафаре аст, ки як ташкилоти бонуфузро дар ҷомеа раҳбарӣ мекунад, чӣ хел мешавад, ки аксу суратҳои ӯ истифода нашаванд? Аз обруву эътибори сарвари ҳизб истифода мешавад”.

Усмон Солеҳ таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари ҳукумат ба маъракаи интихоботӣ дахолат намекунад ва одатан дастур медиҳад, ки аз сохторҳои маъмурӣ дар маъракаи интихоботӣ истифода набаранд: “Мо аз фишангҳои ҳукумат ҳеч вақт истифода намекунем, чунки қонун иҷозат намедиҳад”.

Аммо Раҳматилло Зоиров, истифодаи ном ва акси Эмомалӣ Раҳмонро, ки раҳбари ҳокимияти иҷроия аст, дар тарғиботи пеш аз интихоботи парлумонӣ хилофи Сарқонун хонд ва таъкид мекунад, ки ҳокимияти қонунгузор шохаи мустақили ҳокимият аст, ки бояд бе дахолати ҳокимияти иҷроия ташаккул ёбад. Ӯ таъкид мекунад, ки сарвари ҳокимияти иҷроия вазифадор аст моддаи 9-и Констиутсияи кишварро риоя намояд.

Раиси ҲСДТ пешниҳод намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи Сарқонун талаботи моддаҳои 9,10 ва 64-и онро риоя намояд ва дар маъракаи интихоботӣ истифодаи ному аксу плакатҳояшро манъ кунад.

Ин дар ҳолест, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2015 дар назар буда, аллакай ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар барои иштирок дар он изҳори омодагӣ карданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Уфффффффф
Боз хамин сар кард!!!!!!!!!! angry

25
Мунаққид
Ҳамин мегӯӯӯӯӯнд Банановая Республика гуптанӣ чиз ҳаст, дар бораи мо бошад? Ё дар мо банана намерӯяд, лекин ғулингомонба гапаш нест, Ғулинговая Республика мешад мӣ, ё Урюковая Республика?
Ягон адами мепаҳмидагӣ ҳай мӣ?

Чаноби Усмон Солех о хами бадбахти чиба исбот мекни ки мумкин нест, ба се харфи руси роиш кн брава пеши каримов

хамаш майлаю сурати устодро бинан бо фурашка)))))))))) тенчай

Чаноби Усмон Солех!!! Агар ана хамон "фишангхои хукумати" набошад медонед ки шумо ки хастед???

Мухтарам Рахматулло Зоиров, чи кадаре ки кушиш кунед ин хизби хоким танхо гапи худро мекунад, инхо ягон касро на гуш мекунанд на кумак мекунанд, танхо фикри худро мекунанд.ва сад афсус.

Ба Иззат Амон
Чаноби Иззат Амон! Мо хам нагз медонем шумо ки хастед, барои хамин аз дур истода зури бехуда назанед, ки.....

Dev
мах,
in hizbat ba juz tarifu fahri Rahmon digar na kore doradu na peshravie .Idejai nav guftani gap haj mi? Dar yakjo pojkubi bahri chist?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)