Дидори Сироҷиддин Аслов бо Амир Туркӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Амир Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд , муовини вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар хабар доданд, мулоқоти Аслов бо Туркӣ рӯзи 28 октябр дар ҳошияи Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот Туркӣ баргузории Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории Исломӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанберо дар сатҳи баланд хонда, таъкид доштааст, ки он барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва сармоягузорӣ хеле муфид хоҳад буд.
Инчунин ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ имконияти бештар барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар фароҳам хоҳад овард ва низ роҷеъ ба нишасти навбатии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки интизор аст моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Риёз баргузор гардад, табодули назар кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |