Бахшҳо
30 окт 2014 11:07Тоҷикистон / Тема дня

Ҷузъиёти бозҷӯии хонаю бустонсаро ва бозпурсии Каромат Шарипов

Ҷунбиши умумирусиягии “Иттиҳоди муҳоҷирони тоҷик” бо нашри як иттилоия аз бозҷӯии дафтари корӣ, манзили истиқоматӣ ва бӯстонсарои раҳбарашон Каромат Шарипов хабар дода, меафзояд, ки худи Шарипов дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Вихино қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ бозпурсию бозҷӯиҳо дар доираи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи 6-уми сентябр дар бозори “Садовод” сурат гирифта истодаанд. Мақомоти Русия дар ин задухӯрди 6-уми сентябр миёни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони созмони муҳофизатию маъмурини пулис Шариповро муттаҳам мекунанд, ки муҳоҷиронро ба чунин амалиёт водор месозад. Дар пайи ин даргирии 6-уми сентябр се тоҷик бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуда, яке ҷарроҳӣ гардид.

Манбаъ мегӯяд, дар бозори “Садовод” ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик фаъолият доранд, ки ҳуқуқашон нақз мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқро низ ба қаламрави бозор роҳ намедиҳанд. Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” меафзояд, ки қаблан Каромат Шарипов барои талошҳояш барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Садовод” таҳдидҳои телефонӣ мегирифтааст.

Баробари ин ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” таъкид мекунад, ки бозҷӯии хона ва бустонсарои Шарипов аз рӯи иттиҳом ба экстремизм сурат гирифтааст. Масъулини ҷунбиш инчунин аз бархӯрди дағалонаи маъмурини рус шикоят доранд, ки бо вуҷуди бад шудани ҳоли намояндаи ҳомиладори ҷунбиш ба ӯ кӯмак накардаанд ва табиби ҳозир гуфтааст, ки “агар бемор бошад, равад дар Тоҷикистон табобат гирад.” Дар иттилоия ишора шудааст, ки эҳтимол намояндагони Тоҷикистон низ дар маърака алайҳи Каромат Шарипов даст доранд.

Фаъолони ҷунбиш ин қазияҳоро маҳкум карда, таъкид мекунанд, ки тариқи як нома аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия расидагӣ ба ин қазияро талаб хоҳанд кард.
Мӯҳр
Аромат
Пуштибони мухочирон бошад чун мухочирон зиндагони бикунад. Бустонсаро доштааст. Хамун Баронои лулихоро мемонад. Аз кучо пул ёфта бустонсаро харидааст? Аз хисоби мухочири бечора

Точики бечораву бе хона. Хар чизе ки бар номи уст , дар асл аз у "нест". Касе, ки кай вакте ки хохад вайро аз худ мекунад. Худовандо моро сохиби кун.

мухочир
Бисёрихо мегуянд Каромат Шарипов бегунох аст, дустон бовар кунед гунахгор аст ки бурда махкам кардиан проста так сразу дар хонаю офису бустонсарои вай бозчуйи намекунанд.

У-ро бехуда махкам накардаанд.Хамагон нагз медонанд,ки ходисае дар бозори Садовод рух дода буд,ташкилотчияш Каромат Шарипов буд.Бовар кунед то ин дам ягон гапу чап набуд.хамин ки у ба бозорхои москав дохил шуд джангу джанджол сар зад.Ба гуфтаи у одамон дар онджо хамчун гулом мехнат мекунанд.Лекин мардум рафтаву омада истодаанд.пул кор мекунанд рои мекунанд,корошон хубанд,мошин мехаранд хона месозанд,джошон хуб аст.Гуфтани хастам ба муходжирон ба гуфтахояш гуш накуненд.У ба манфиати худаш факат кор мекунад.тафтишот нишон медихад ин дачаву офесу дигару дигараш аз куджо ёфтагиаст (албатта аз пули муходжирон)..

Салом бародарон!!Ин нобакор муходжирони бечорраро фиреб карда онхоро барои манфиати худ истифода мебарад .джои у зиндон аст...ба у бовар накунед.магар то ин дам ба ягон кас ёри расондааст ?-не..чун ки кучое ки рава муходжиронро корошонро дучанд вазнин мекунад.хулоса ба доми ин макор нагалтед эхтиёт кунед..боки дар амони худо..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)