АКС: Баҳси масоили амниятӣ дар мулоқоти Раҳмон бо Мэн Хунвей
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми октябр дар мулоқот бо муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин, Мэн Хунвей масоили амниятиро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот, ки бо ҳузури Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амният ва Шералӣ Хайруллоев, мушовири амниятӣ баргузор шуд, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар доираи муносиботи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид: “Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зоҳир гардид.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар мулоқот пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шуданд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Чин як амалиёти муштараки мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро роҳандозӣ кардаанд, ки фурудгоҳу гузаргоҳҳои заминиро фаро гирифта, то охирҳои моҳи ноябр идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |