Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Додгоҳи Олӣ даъвои додситониро алайҳи "Қорӣ" рад кард » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 сентябр 2019, 00:33

Додгоҳи Олӣ даъвои додситониро алайҳи "Қорӣ" рад кард

31 октябр 2014, 10:38

Раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистон эътирози Додситонии кулро барои бозпас гирифтани парвандаи Садриддин Тошев, мулаққаб ба "Қорӣ" рад кардааст.

Файзиснисо Воҳидова, вакили дифои Тошев мегӯяд, қаблан Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи Садриддин Тошевро, ки 9,5 сол хонда шуд, барои баррасии дубора ба ҳамин додгоҳ фиристод, ки эътирози Додситонии кулро ба миён гузошт. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, талаби Додситонии кул ин аст, ки ҳалномаи Додгоҳи олӣ оид ба лағви ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди парвандаи Садриддин Тошев бекор карда шавад: “Вале баъд аз баррасии ин эътирози додситонӣ аз ҷониби додгоҳи олӣ он рад карда шудааст ва парвандаи Тошев, ки дар пай эътирози Додситони кул ба Душанбе интиқол ёфт, боз ба Хуҷанд барои баррасии дубора баргардонида мешавад”.

Садриддин Тошев, ки дар марги Ҳамза Икромзода яке аз шоҳидони аслӣ ба шумор мерафт, ҳамроҳ бо Суннатуло Ризоев, маҳбуси дигари тоҷик барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоӣ дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд айбдор шуда, мутаносибан 7 ва 9 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд рӯзи бекор шудани ин ҳукм аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва фиристодани парвандаи ӯ барои баррасии дигарбора мулоқоти Тошев бо рӯзаноманигорон дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Садриддин Тошев дар суҳбат бо рӯзноманигорон тамоми наворҳои пахшшуда дар бораи вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро сохтакорӣ хонда, гуфт, ин ҳама дар асоси нақшаи як гуруҳи манфиатдор сурат гирифта буд. Тошев гуфт, ӯро касе барои гуфтани ин суханҳо маҷбур накардаасту танҳо мехоҳад ба озодӣ барояд: “Маро касе маҷбур накардааст, 14 сол мешавад, инҷоям, безор шудаам, мехоҳам ба назди зану фарзандам баргардам.”

Садриддин Тошев, аз фармондеҳи мухолифини пешин ба ҳисоб рафта, бо иттиҳоми терроризм, одамрабоӣ ва бандитизм аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба мӯҳлати 25 сол маҳкум шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!