Бахшҳо
03 ноя 2014 09:47Тоҷикистон / Акс

АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё

Донишҷӯёни тоҷики муқими Русия зимни иштирок дар як чорабинии байналмилалӣ аз фарҳангу таърих ва одоту русуми миллии хеш ба ҳамсабақони худ хабар додаанд.

Ин чорабинӣ охири ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи давлатии Адигеяи Русия баргузор шуда, дар он донишҷӯёни ин таълимгоҳ аз давлатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла Итолиё, Чин, Муғулистон, Ниҷерия, Замбия, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Яман, Фаластин, Урдун ва Сурия иштирок ва фарҳангу русуми миллии худро муаррифӣ кардаанд.

Дар ин чорабинӣ инчунин донишомӯзони тоҷик дар донишгоҳи Адегия иштирок намуда, ҳамсабақони худро бо урфу одат, маданият, фарҳанг, таърих ва хурокҳои миллии тоҷикон ошно кардаанд. Фарҳод Муминов, яке аз ин донишҷӯёни тоҷик ба “Озодагон” гуфт, чорабинии мазкур аз бахшҳое монанди муаррифи миллат, забон, дин, фарҳангу тамаддун ва зебоии шаҳру манотиқи хеш, хондани шеър дар васфи ватану муҳаббат ба модар ва омода кардани таомҳои миллии худ иборат буд. “Маҳз ба воситаи ин гуна чорабиниву ҷамъомадҳо бузургии халқи худро ба ҷаҳониён бори дигар муарифӣ менамоем, то дар чеҳраи миллати мо ҷаҳониён на танҳо мардуми муҳоҷирро бубинанд, балки донанд ва шиносанд, ки халқи тоҷик бузург асту тарбиятгари ҳазорон ҳазор насли боилму бофарҳанг”,-афзуд номбурда.


АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё

АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё

АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё

АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё

АКС: Рӯнамоии фарҳанги тоҷикон ба донишҷӯёни беш аз 15 кишвари дунё


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ранч бурда модаре фарзанд пайдо мекунад,
Ин писарро посбони руи дунё мекунад.
То шавад пояндаи такдири дунё он писар,
Дар дили фарзанди худ мехри Ватан чо мекунад.

Аҳсан ба модаре, ки чунин фарзандони ғамхори Ватану миллатро ба воя расонидааст!!!

Беватан нест ҳар он кас, ки кунад ёди Ватан
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст!!!

Шукри чунин фарзандони миллат, ки новобаста аз ҷавон будану дар ғарибӣ буданашон ҳамеша дар ёди Ватану ободии Ватан ҳастанд

Бағафлатмондагон аз ҳоли миллат кай хабар доранд
Дағалбозон куҷо донанд ин маънои борикро:
Замини Тоҷикистон з-он сабаб меларзад
Ки аз хоби гарон бедор созад халқи тоҷикро......

Новобаста ба ҷавониашон ин пуштибонони Ватан ҳар бор Замини Тоҷикистонро ба ларзиш меоранд то халқи бузург боҳамдили пуштибони ҳам бошанд!!! Ин аст мубориза баҳри ободивву озодии миллати куҳанбунёд!!! "Ватандорони Бағафлатмонда" аз фарзандони фарзонаи миллат биомузед!!!

Мар он, ки ба корузори ҳастӣ,
Бе ханҷару бе сипар барояд.
Бе ханҷару бе сипар валекин,
Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд

Баҳри каму беши миллати худ,
Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.
Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,
Бояд, ки хуни дил бирезад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)