Бахшҳо

Созиши Душанбею Пекин барои мубориза бо киберҷинояткорӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин, Мэн Хунвей зимни вохӯрии ғайрирасмӣ созиш кардаанд, ки ҳамкориро дар самти мубориза бо киберҷинояткорӣ густариш хоҳанд дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм низ дар меҳвари мулоқот қарор дошт.

Ин созиш дар ҳолест, ки қаблан Шан Син Фен, масъули мубориза бо терроризми Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе гуфт, интернет ба силоҳи нав дар дасти ҷинояткорон мубаддал шудааст. Ӯ зимни ҳисоботаш ба сарони кишварҳои узви созмон гуфт, “мағзшӯӣ дар интернет” ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон усули нави террористҳост.

Ба гуфтаи Шан Син Фен тайи як соли охир созмонҳои террористӣ аз қабили Ҳаракати Исломии Узбакистон, Аморати Қафқоз ва дигарон тариқи паҳни наворҳо дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи фаъолияти худ ва ҷалби аъзои нав машғул шудаанд: “Мо даҳҳо сомонаҳои ин созмонҳоро ошкор кардем, ки дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ ҳазорҳо бинанда доштанд. Рӯйхати ин сомонаҳоро ба ниҳодҳои дахлдори кишварҳои СҲШ пешниҳод кардем. Созмонҳои террористӣ дар сомонаҳо ба мағзшӯӣ ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон машғул шуда, ба ҳамин минвол фаъолияташонро таблиғ мекунанд.”

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик танҳо дар моҳи октябр садҳо сомонаро масдуд намуданд, ки то ҳол низ бисёре аз онҳо, аз ҷумла шабакаи Фейсбук, Вконтакте ва як қатор сомонаҳои хабарӣ дастнорас боқӣ мондаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
фатох
Акаи озодагон ин расми кихоянд?

Амрикоихо кам буд ки боз ин бутпарастони мушрик ба мо фахми дурусти Куронро мефахмонанд.

Коршинос
фатох,
Магар нашинохтӣ? Ин расми мулоқоти фарзандони падар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)