Бахшҳо
03 ноя 2014 12:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раҳоии 175 зан, 58 ноболиғ ва 600 мард аз зиндонҳо дар як рӯз

Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз оғози раҳоии маҳбусон дар доираи афви эълоннамудани президент ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун хабар дода, афзуд, ки дар рӯзи аввал, 3-юми ноябр, дар маҷмуъ беш 800 нафар маҳбус озод гардиданд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ хабар дода, афзуд, ки маъракаи озодкунии маҳбусон рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дошт.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 3 ноябр 175 зан аз маҳбаси шаҳри Норак, беш аз 50 ноболиғ аз маҳбасхонаи ноболиғон дар шаҳри Душанбе, 500 маҳбуси зиндони "Кирпичний" ва ҳудуди 100 нафар аз зиндони рақами яки пойтахт озод шуданд.

Раёсати корҳои ислоҳӣ мегӯяд, дар маҷмуъ бар асоси қонуни афв дар назар аст, ки ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо, 4500 нафар аз колонияҳои маскунӣ раҳо гарданд ва муҳлати ҷазои то 2 000 нафар кам карда шавад. Ин 16-умин афв дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст ва ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)