Бахшҳо

Раҳоии ҷияни Сурайё Қосимова аз боздошт

Мақомоти тоҷик Муҳайё Қосимова, бародарзодаи 29- солаи Сурайё Қосимоваро, ки дар ташкили дуздӣ ва сӯхтори хонаи ин овозхони маъруф муттаҳам мешавад, аз боздошт раҳо кардаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб хабар дода, афзуданд, ки Муҳайё Қосимова, аз муттаҳамони асосӣ ва ташкилкунандаи дуздӣ дар хонаи аммааш дар шаҳри Кӯлоб мебошад: “Аммо баъди чанд муддати боздошт ба далели кӯдаки навзод доштанаш бо имзои забонхат дар бораи иваз накардани ҷои истиқомат аз боздошт раҳо гардид ва феълан дар озодист.”

Манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки ҳоло парвандаи муттаҳамон дар дуздии хонаи Сурайё Қосимова дар баррасии додгоҳи шаҳри Кӯлоб қарор дорад.

Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд, ки бо иттиҳоми дуздии манзили Сурайё Қосимова чор сокини шаҳри Кӯлоб -Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Тибқи иттилои мақомот, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова - Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳум ва сеи дигар ҳамсояҳояш мебошанд.

Дар пайи ин ҳодиса бозпурсии Сурайё Қосимова дар доираи тафтишоти дуздӣ дар хонаи ӯ сурат гирифта буд, ки зимни рӯбарӯкунӣ аз ҷониби Қосимова ҳеч гуна изҳорот дар мавриди гузаштан аз гуноҳ ва даст кашидан аз даъво садо надодааст. Аммо шуъбаи умури дохилии Кӯлоб бо назардошти зан будани муттаҳамон дар ин ҷиноят изҳор дошт, ки эҳтимол онҳо низ дар сурати ҷуброни зарар мавриди афв қарор гиранд.

Мақомот изҳор доштанд, ки боздоштшудагон пурра гуноҳашонро иқрор кардаанд ва додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи онҳо аллакай шуруъ намудааст.
Мӯҳр
Салтанат
Айб аст барои мову шумо Сураею духтаронашро таргиб кардан Онхо И арзиш доранд бапрои миллати точик Мо бояд дар бораи онхое нависем ки арзанда бошад чоп кунед агар озод бошед

апаи Сурайечон, лекин холо синнусоли шумо ба он расидааст, худро орову торо додан айб аст, бар саратон руймол ва пеши баратонро пушонед. барои насихат узр. ва боз: ин чиянатонро чи мачбур сохта ки шумоенро горат бикунад, мумкин аст вай ба хуроку пушока ниез дорад ва хуб мешуд ба чунинхо хайр ва е кумак мерасондед.

Ситора
Ин апаи Сураё худаш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)