Бахшҳо

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр зимни дидор аз ҷараёни корҳои сохтмонии яке аз бузургтарин маҷмааи тиббии пойтахт, барои сари вақт ва босифати баланд ба истифода додани он, ба шаҳрдории Душанбе ва масъулини соҳа дастурҳои мушаххас додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сохтмончиён ба меҳнати шабонарӯзии онҳо баҳои баланд дода, барояшон саломатӣ ва комёбиҳо таманно кардааст. Манбаъ мегӯяд, ин беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви маҳаллаи 46 воқеъ буда, барои 650 кат бо қабули 800 нафар дар як баст нигаронида шудааст. Барои бунёди он аз буҷаи шаҳри Душанбе беш аз 400 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2013 оғоз гардид. Масоҳати умумии ин маҷмааи тиббӣ 11 гектар буда, масоҳати умумии биноҳои он 104,62 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

“Бинои асосии беморхона аз 3 то 9 ошёна буда, дорои шӯъбаҳои гуногун - шӯъба барои калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, утоқҳои асосӣ ва ёрирасон мебошад. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва муҳандисию техникӣ, томографияи компютерӣ, тиббӣ, резонансӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида мешавад”,-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ин маҷмааи тиббӣ дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз калонтаринҳо буда, дар бунёди он се ҳазор сохтмончӣ ва мутахассиси маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, ки дар сурати ба фаъолияти шурӯъ кардани он дар назар аст, беш аз 2000 мутахассиси соҳаи тиб ба ҷои кор таъмин гардад.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз рафти сохтмони чанд бинои баландошиёнаи пойтахт ва Комбинати шири шаҳри Душанбе низ дидан кардааст. Дафтари матбуотии президенти кишвар мегӯяд, навсозии комбинати шир аз 1 майи соли 2014 шуруъ гардида, дар ҷараёни он 3 коргоҳи нав бо 152 ҷойи кори иловагӣ муҳайё шудааст: “Инҳо коргоҳҳои маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, истеҳсоли панирҳои гуногун ва зарфҳои якбормасрафи пластикӣ мебошанд. Дар ин коргоҳҳо ҳоло 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафи барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, "дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, 32 намуди маҳсулот ба монанди йогуртҳои гуногун аз меваҳои ватанӣ, батончики творогии йоднокшуда бо шоколад, творожок, сирок, шир бо шоколад, бо асал ва бо мураббоҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Дар як басти корӣ дар ин коргоҳ 5 тонна маҳсулот истеҳсол мешавад, ки тақрибан баробари талаботи якшабонарӯзии шаҳри Душанбе аст. Дар назди ин коргоҳ озмоишгоҳи ҳозиразамон фаъолият мекунад, ки бо дастгоҳи барои таъҷилан муайян намудани ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ба мисли бруселёз ва сил дар таркиби маҳсулоти ширӣ ҷиҳозонида шудааст".


АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ

АКС: Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи тиббиву корхонаи шир ва дастурҳояш ба шаҳрдорӣ


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Салом Чаноби Оли илтимос хамон текстильро хам аз дасти хешхоят гирифта да ягонодами кор мекардаги дихед мисли хамин коргох пурра кор кунад, охир инкадар пахтаи точикро махсулоти хом нафрушанду мисли турция мо метавонем ку махсулотхои пахтагини аълосифат бароварем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)