Бахшҳо

Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории интихоботи шаффоф

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ба ниҳодҳои дахлдори кишвар барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд дастур додааст.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ дар ҳамоиши бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонун дар шаҳри Душанбе гуфтааст, “ба ҳамаи сохторҳое, ки бо масъалаи гузаронидани интихобот марбутанд, супориш медиҳам, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихоботи парлумонӣ тамоми шароитро фароҳам кунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома бори дигар хотирнишон кардааст, ки ҳамеша ҷонибдори интихоботе мебошад, ки ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор шавад ва барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани интихоботи парлумонии ояндаи Тоҷикистон низ тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ӯ аз ворид шудани тағйиру иловаҳои охир ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ” ва поин бурдани ҳаҷми гарави интихоботӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ин ҳама ба хотири такмили заминаи имкониятҳои баробари иштирок дар маъракаи интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон сурат гирифтааст.

“Эътироф шудааст, ки дар арафаи интихобот бо дарназардошти инкишофи низоми бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ номзадҳои зиёде пешбарӣ мешаванд, ки инро мо ҳамчун як падидаи табиӣ дар ҷомеаи демократӣ арзёбӣ мекунем. Гузашта аз ин, мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад, намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад”,- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар охир аз ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар ва шахсони алоҳида даъват кардааст, барои баргузории ин интихобот дар асоси Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда ва омили таҳкими сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия гардидани он талош кунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ситора
Он чизе аён аст хочат ба баён Медонем И

чун хамеша шаффоф.

Мехр
Ба фикри ман дар интихоботи февралии парлумони, имконияти рох ёфтани намояндагони хизбхои гуногуни кишварро , ба хотири вахдат ва якпорчагии сарзамини камзаминамон, хукумати Точикистон шароити хуб фарохам меорад.

Уфффф
Э хами гапора 20сол боз шунида омадестем.........

САИД
Маколе бузак бузак намур бахор мешавад ин гапхо хам хамин хел аст аз рузе худамро мешиносаму ин хокимони замонамонро хамин харфхояшон аст чун хамешаги шаффоф аммо дар дохили хар як хонача як нафар мешинаду дар фалон хиз овоздех мегуяд ба мисли соли 2010, ки мо доничу будем собик ректор Саидов Нуриддин моро омада аз хобгохи раками 6 гирифта бурду тахкиди дар тахкид кард, ки дар хизби хоким овоздихед ва хаминтаврам шуд дар дохили хонахои пинхони одам нишасатаву худаш нишон медихад, ки дар кучо овоз бидех...

ворух
хамин интихобот даркор не, бехамин хам хизби эмомали голиб мешавад, ин аник. пули хамин интихобота ягон чои даркори сарф кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)