Бахшҳо
07 ноя 2014 08:49Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ваъдаи 800 миллион доллари вилояти Хэнан ба Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҷумҳурии мардумии Чин қарор дорад, субҳи имрӯз, 7 ноябр бо Ли Жуогу, президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк)-и он кишвар мулоқот кардааст.

Тавре дафтари матбуотии райисиҷумҳури кишвар хабар медиҳад, дар ин дидор зикр шудааст, “бо қарзҳои имтиёзноки Эксимбонки Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд”. Манбаъ мегӯяд, имрӯз имзо чанд созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар назар аст.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сиэ Фучжан, волии музофоти Хэнани Хитой мулоқот кардааст. Дар ин дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуда, ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро имзо кардаанд. “Тибқи он аз ҷониби ширкатҳои ин музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст”,-афзуд сарчашмаи хабар.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, "имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором рӯзи 6 ноябр ба Чин рафт. Муколамаи мазкур рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Пекин баргузор мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Кониститутция
Озодагон дар дехаи коничтитутция як хафта боз обро Кать кардаанд лаьнатихо на об на барк кудакони дехаро хоришак тахдид мекунад. Обу корезиро раисаш аз худ рафтааст чи? Макола навис озодагон.

Мехр
Чин чиддан карордодхояшро ичро мекунад, аммо Русияи Путини факат ваъда медихад ва албатта дар ивазаш чизеро аз мо мегирад..

Факат корашон карзгири дигар кори дигар надоранд у хитой ягон девона нестайки бехечиз тра карз бта у 6 милиарди вадакадагиш кати икадар карзои хозираша чикор мекнен хичи фикр мекнен ки чихел бармегардонен карзоша хитой карзи бт
Бисёр мета баъд бахонакарда муносибатша меканаду карзашро талаб мекунад мо чидорем хичи надорем мачбур бо армияш даромада нисфи точикистонро мегирад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)