Бахшҳо

ВИДЕО: Боздошти “келин”-и тоҷики мушовири Путин: Писар аз падар гумонбар аст

Мақомоти пулиси Русия як бонуи тоҷик, арӯси писари мушовири президенти Русияро бо иттиҳоми таҳдид ба куштор боздошт кардааст.

Додгоҳи шаҳри Солнечногорск гуфтааст, Фирӯза Савушкина, арӯси Юрий Глазев, писари Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳури Русия як ҳамватани худро бо номи Дилафрӯз Мирзоева ба марг таҳдид кардааст. Аммо Юрий Глазев ин иттиҳомро рад карда, изҳор доштааст, бо ин роҳ мехоҳанд аз издивоҷи ӯ бо Фирӯза ҷилавгирӣ кунанд. “Ин сохтакорӣ ҳаст. Бо модарам муносибати хуб дошт. Аммо ин муносибат бо гузашти вақт бадтар мешуд”,-гуфтааст писари ёвари президент ба расонаҳо.

Ба қавли Глазеви хурдӣ, ба ӯ ҳамеша мегуфтанд, Фирӯза “бадроҳ” ҳаст ва мехоҳад ҳамаи дороияшро соҳиб шавад: “Ин ҳазёне беш нест”.

“Иттиҳоми нахустин алайҳи Фирӯза ин буд, ки муддати будубоши худро дар Русия тамдид накардааст. Ӯро барои 10 сол депорт карданд, бо вуҷуди ин ки дар Русия кӯдак дошт. Аммо баъдан ӯро бо ҷурми ҷиноӣ муттаҳам карданд”,-афзудааст вай.

Юрий бар ин бовар ҳаст, ки байни ҳамсари ӯ ва Мирзоева муноқишаи маъмулӣ сар задааст ва баъд аз як ҳафта ӯро ба идораи пулис бурдаанд. Ба қавли Юрий Фирӯза Савушкина якуним моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Сергей Глазев, ёвари президенти Русия дар ҷараёни барномаи “Экстренный вызов”-и Рен ТВ аз Малайзия ба писараш ваъда кардааст, барои раҳойии Фирӯза талош хоҳад кард.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)