Бахшҳо

АКС: Худкушии як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Гипрозем

Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе худкушии як сарбози 22-солаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Шанбеи 8 ноябр аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Александр Майер, сарбози пойгоҳи низомии 201-и Русия санаи 5 ноябр худро аз боми як бинои нуҳошёнаи маҳаллаи Гипрозем, ки тақрибан 50 метр дуртар аз пойгоҳ ҷойгир аст, ба замин партофтааст: “бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”.

Манбаъ афзуд, Александ Майер қаблан дар пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа хидмат мекардааст: “Замони дар Қӯроғонтеппа будан низомномаи дохилии ҳарбиро вайрон карда ва нисбат ба ӯ парванда боз шудааст. Ахиран, ӯро ба Душанбе интиқол додаанд. Вақтҳои ахир бисёр асабонӣ буда ва қабл аз он ки худро партояд, май нушидааст”.

Ба иттилои манбаъ, феълан парвандаи худкушии ин сарбозро додситонии ҳарбии пойгоҳи 201-и Русия баррасӣ мекунад.

Хабарнигори “Озодагон” аз макони ин ҳодиса дидан кард ва бо чанд шоҳиди воқеа низ суҳбат намуд. Шоҳдони ҳодиса мегӯянд, Александр либоси ғайринизомӣ дошта, тахминан соатҳои 11:00-и рӯзи 5 ноябр худро ба замин андохтааст. Ба гуфтаи онҳо баъди ба замин афтидан, ҳудуди 20 дақиқа зинда будааст. “Вақте болои бомеро, ки ин ҷавони рус худро партофт хабар гирифтанд, аз онҷо як шиша арақ ва чанд қутии сигор пайдо карданд”,-гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.


Бинои 30/4. Ба нақли шоҳидон сарбози рус худро аз боми он ба зер андохтааст.

АКС: Худкушии як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Гипрозем

АКС: Худкушии як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Гипрозем

АКС: Худкушии як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Гипрозем


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)