Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳадаф, муаррифии симои куллан нави милиса аст (АКСУ ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз усулу ҳиллаҳои нави ҷинояткорон дар ҷаҳон ҳушдор дода, мақомоти умури дохилии кишварро ба зиракӣ даъват намудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз, 10-уми ноябр, зимни таҷлили иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Душанбе суҳбат мекард, хостори баланд бардоштани маърифат, ахлоқ ва касбияти кормандони умури дохилӣ шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба генералҳо, афсарон ва сарбозони умури дохилӣ гуфтааст, “таваҷҷуҳи пайвастаи давлату ҳукумати кишвар нисбат ба Вазорати умури дохилӣ, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед.”

Ба гуфтаи ӯ, мардум дар симои кормандони умури дохилӣ намояндаи давлатро мебинад ва бо умеди ҳалли мушкилоташон ба онҳо муроҷиат менамояд: “Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки вазифаи асосии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари назорат инчунин пешгирӣ кардани ҷиноят ва мусоидат барои боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа аст: “Тибқи таҷриба талаботи қонунгузорӣ ҳамон вақт пурра риоя мегардад, ки иҷрокунанда аз муҳтавои он бохабар бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз раҳоии садҳо зиндонӣ дар пайи қабул шудани қонуни афв ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки мақомоти умури дохилиро зарур аст, онҳоро таҳти назорат қарор диҳад ва барои таъмини онҳо бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки талошҳо барои боз ҳам баланд бардоштани эътибори мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи барномаҳои ислоҳот идома хоҳанд ёфт ва таъкид намудааст, ки “як нуктаро ҳар як корманди соҳа бояд дарк намояд, ки мақсади ислоҳот пеш аз ҳама муаррифии симои куллан нави корманди макомоти корҳои дохилие мебошад, ки ҳадаф ва мақсади асосиаш таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.”

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намудааст.

Дар ҳамин ҳол "Озодагон" аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки ба кормандони мақомоти милиса чӣ таманно доранд?

Мӯҳр
НУ ПОГОДИ
Э кадом илиса ахлоку маърифат дошт,ки ту мехохи боз онро баланд бардорад? "Крыша"-и музаффарова милисаай-ку...

мехр
Хар як милиса бояд харруз китоб ва газет хонад, то ки аз чомеа окиб намонад.

Шокир
Танхо ба танхо ба кормандони содику бегарази макомоти милиса. Иди касбиатон муборак.

klos
Az vazirash sar karda yagontaash na savod dorad na akl ba har hol idi kasbi muborak

дар расми 1 аз боло
Дар расми якум аз боло 8 асосиро дидам."Чура"и Додочон хам хастай...Хахахахааааа... Дар сурати 3,5,8, занхо юпка пушидаанду похора чафс карда шиштаанд...Охи ягон эзор акаллан шим пушида бахузур шини намешавад!??!!....Боз як руз як бевичдонаш аз чумхурият навистай ки шахрро эзорпушу хичобпуш.ба кавле "либоси бегона" безеб кардай...юпка либоси миллиай-а?????!!!!!
Кали зиракро намебинам....

In milesahoi mora avval ododbi sukhan guftanro omuzonen,ino ku odam nameshavan,baharhol takit kardan khubast va az talbidan das kashan tahkit kunen Janobi Oli

Абдулло
Ана инро давлати милли мегуянд. Ба пеш ба суи хеч кучо!

Чонум дар унвохоятон дина сержант имруз генерал

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)