Бахшҳо
10 ноя 2014 17:11Тоҷикистон / Сиёсат

Дар Хатлон сафи ҲХДТ-ро тарк мекунанд?

Дасти кам 8 узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз тасмимашон дар мавриди берун шудан аз сафи ин ташкилоти сиёсӣ хабар додаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Тоҷнюс” ин афрод соҳибкорони бозори “Ином”-и Шаҳритус буда ва дар як аризаи дастаҷамъӣ ба роҳбари ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар ҶСК “Ином” хостори хориҷ шудан аз сафи ҲХДТ шудаанд. Манбаъ, сабаби ин тасмими соҳибкоронро ба “баҳси таракаи бозори “Ином”-и Шаҳритус миёни хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоевҳо” унвон кардааст. “Бозори “Ином”-и Шаҳритус дар пайи баҳсҳои тезутунди миёни моликони он ва Муҳиб Саъдуллоев пурра бе нерӯи барқ монда, боиси норозигӣ ва эътирози соҳибкорон ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шудааст”,-навиштааст хабаргузорӣ.

“Тоҷнюс” аз нақли Дилрабо Мирсолиева, яке аз соҳибкороне, ки барои берун шудан аз ҲХДТ ариза навиштааст, менависад, “мо якуним моҳ шуд, ки барқ надорем. Дуконҳи мо кор намекунад, дар бозор умуман ягон дукон кор намекунад, кафшергарон, дару тирезасозҳо ҳама бекор мондаанд. Аз овози баланди барқдиҳандаҳои бензинӣ - движокҳо асабамон хароб шудааст. Борҳо муроҷиат кардем ба ҳукумати ноҳия, гуфтанд, ки сим харида, аз ҳудуди қисми низомӣ барқ биёрем. Як километр симро бо норхи 8-9 сомонӣ харида наметавонем. Ҷанҷоли Муҳиб Саъдуллоев ва Ҳоҷӣ Бурҳон (Абдуллоев) сабаб шудааст, ки бозорро аз неруи барқ маҳрум кунанд. Ҳар сари чанд инҳо омада дар миёни соҳибкорон ҷанҷол мекунанд, тақсим мекунем мегӯянд. Метарсем, ки бозорро боз оташ мезананд, шабҳо хоб надорем, ҳушу ёдамон ба дукон аст. Агар ҳизб манфиатҳои қонунии моро ҳимоя карда натавонад, чунин ҳизб лозим нест, ман аз узвияти он даст мекашам”.

Дар мактуби дастаҷамъии соҳибкорон гуфта шудааст, бозорро аз барқ маҳрум кардан, “душманӣ ба ҷамъияти бозор аст”, ки агар ҳол чунин идома кунад, аз пардохти андоз ва хароҷоти хизматрасониҳои коммуналӣ саркашӣ мекунанд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1993 таъсис ёфта, 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Тоҷикистон онро сабти ном кард. То имрӯз раҳбарии онро оқои Раҳмон бар уҳда дорад. Ин ҳизб бештари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дошта, аксари соҳибмансабони давлатӣ низ узви он гуфта мешаванд.
Мӯҳр
ДОНИШЧУ
каромат
соли гузашта мардум, ки ХНИТ-ро тарк мекарданд, хангомахо бардоштанд, ки ин дасти неруи севвуму чахорум аст, акнун ХХДТ инро дасти ки бидонад?

Ба хизб аъзо шудан ихтиёри мебошад, вале фикри шахсии ман хамин хаст, ки Дилрабо Мирсолиева ба хизб самимона, хаккони, бо нияти нек аъзо шудаги набуданд, ин кас ягон максади (каристный) шояд, ки дошта буданд. Шахсан ман бо дили соф ва бо максади сахм гузоштан барои кишвари махбуби худ аъзои ХХДТ шудам.

Ташнаи Адолат
Ку хамон усмон солехи таблиготчи????!!!! Ку гап зан чи???!!!! angry

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)