Бахшҳо
11 ноя 2014 09:40Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Терминали наву “хизмат”- расониҳои куҳна дар фурудгоҳи Душанбе

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои “Озодагон”

Шоми 6-уми ноябр зимни гусели як наздикам дар терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шоҳиди он шудам, ки гарчанде шароити корӣ нав шудааст, “хизмат”-расониҳои куҳна боқӣ мондаанд. Зоҳиран ҳама зебост, вале сифати хизматрасонӣ то дараҷае метавонад корафтодагонро нороҳат кунад, ки ин зебогиҳо аз мадҳи назар дур мемонанд.

Хеши наздикам-Ашрафмо Худодоваро шоми 6-уми ноябр тариқи ширкати “Тоҷик Эйр” ба Маскав гусел кардам. Бораш ҳудуди 36 килоро ташкил дод, ки аз меъёри муқаррарнамудаи ширкат, ки 20 кило мебошад, 16 кило бештар аст. Барои ҳар килои бори зиёдатӣ мусофир бояд маблағи иловагӣ пардохт кунад.

Дар шуъбаи иттилооти фурудгоҳи Душанбе ба мо гуфтанд, ки мусофир барои ҳар килои барзиёд бояд дар ҳаҷми 1 фоиз аз арзиши чипта маблағ супорад. Худодова чиптаро 1680 сомонӣ харида буд ва тибқи гуфтаҳои шуъбаи иттилоот барои ҳар килои зиёдатӣ бояд, 16 сомонию 80 дирам пардохт мекард. Аммо масъулин дар фурудгоҳ барои ҳар кило 20 сомонӣ ҳисоб карда, дар маҷмуъ аз ӯ 320 сомонӣ гирифтанд, вале дар додани санади пардохт таъхиркорӣ карда, мегуфтанд, ки худамон онро ба ҷои даркорӣ пешниҳод мекунем. Аммо дар ошёнаи дуюми терминали нав Ашрафморо барои надоштани санади пардохти маблағи бори зиёдатӣ бозпас гардонданд ва мо мушоҳида мекардем, чӣ гуна Худодова, ки аз расмиёту қоидаҳои фурудгоҳ хуб огоҳ набуд, саргардон барои санади пардохт ин тараф он тараф медавид.

Аммо масъуле, ки маблағро гирифт ниҳоят бе додани санад Худодоваро аз ниҳодҳои санҷишӣ гузаронда, то ба толори интизории парвоз расондааст. Вақти тамос фаҳмидем, ки Худодова санадро нагирифтааст ва дар толор интизори парвоз аст. Ӯ ниҳоят бо 16 кило бори зиёдатӣ, бо додани 320 сомонӣ ва нагирифтани санади пардохт бомуваффақият соати 21:25 дақиқа аз Душанбе парвоз намуда, бо ҷои лозимӣ расид.

Ин ҷо суоли матраҳ он аст, ки мусофир маблағро пардохт кард, аммо санади расмии тасдиқкунанда ба ӯ дода нашуд. Ин маблағ на ба буҷаи ширкати “Тоҷик Эйр”, ки феълан ғарқи қарз аст, балки ба кисаи як масъул рафт, ки танҳо аз як мусофир 320 сомонии “бе дарди миён” кор кард. Шояд аз ин маблағ барои чанд нафари дигар низ порае расад, аммо дар асл бояд он ба буҷаи ширкати “Тоҷик Эйр”, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон мерафт, ки феълан ба маблағгузорӣ ниёз дорад.

Ахиран барои беҳбуди вазъи молии ширкат “Тоҷик Эйр” ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо якҷо намуданду роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Рустам Холиқов супорид. Аммо тавре ин ҳолат нишон дод, Холиқов низ назоратро ба таври лозимӣ аз болои кори тобеинаш ба роҳ намондааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи терминали нави фурудгоҳи Душанбе ҳамаи кормандони дахлдорро ба кор бо дасту дили пок даъват намуд ва таъкид кард, ки маҳз онҳо муаррификунандаи фарҳанги миллӣ дар назди меҳмонони хориҷию дохилӣ мебошанд ва нахустин таассурот дар бораи кишвар аз сифати хидматрасонии онҳо вобаста аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
.
Инро система мегуянд. Рохбарони ширкат аз ин хуб огох хастанд. Онхо хам хак мегиранд.

точик тур
мо хам ранги Худодова 16 кг борба бе талон пул супоридаги !

Dev
точик тур,
chunki shumo gusfanded !!!

Холо ин саршавии сериали терминали нав, Агар кормандони ширкати Точик Эйро дар аэропорти Домодедово бинед хуш аз саратон мепарад.Дар ончо навбат нест касеро хоханд аз пода чег зада мегезаронанд.Агар вазни борат зиед бошад дар хамончо маблагро гирифта борро мегузаронанд.

Диловар
Ман хам такрибан 3 руз пеш аз шахри Москва баргаштам. Терминали нав гуфта ифтихор кардем лекин хизматрасони дар терминали навро дида хуш аз сарам парид. Навбат соатхо мепои хатто духтаре ки дар даромадгохи сархади нишастааст дар кучо мухр гузоштанашро намедонад. Аз дастрас кардани багоч чои гап нест соатхо интизори. Маколи халки ба едат меояд номи калону шахри вайрон.

Далер
Ман низ шохиди хизматрасонии пасти терминали нав шудам. Аз Туркия омадам ва вакте, ки ба толори санчиши сарщадбонони точик расидем, ман фахмидам, ки ягон чиз иваз ё ки ислох нашудааст. Чи кормандон чи мусофирон хамун услуби кухнаи худро истифода мебурданд. Вакте, ки хоричихо як хати мукамали интизориро сохтанд, точикои мо хамчун "як подаи гусфанд дар лаби чуй" тирезаи сархадбонро ихота карда буданд. Маъсулин дар фурудгох дилхох мусофирро бар ивази "хаки хизмат" аз тамоми санчишхо мегузаронид. Гапи дагал, ночо ва бемадани дар хар кунчи терминали нав шунида мешуд. Фахмидам, ки як терминали 10 ошёна аз тиллову нукра хам созанд, мо (Точикон) бо хамун шуурнокиамон хамин хел боки мемонем. Агар ягон касро озурда карда бошам, узр! Вале ин фикри шахсии ман хаст.

Фируз
Бале, рост... Ман хам дируз аз сафари хорича баргаштам, медонед масъуле ки мусофиронро назорат мекунад, як ному насабро мисли навкорон хурфчини мекунад ва боз муомилаи хуби кабули мехмонро надошт.... Хама мутахассисони фурудгох бояд аз нав тахсил кунанд, худаш чи гап дар пеши мехмонхои хоричи шарманда мешем, наход ки масъулин хамин кадар бемасъулият бошанд, вой додддддд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)