Бахшҳо

ВИДЕО: Зеботарин масҷиди Тоҷикистон аз дурбини “Озодагон”

Қадимтарин масҷиди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар тарҳи нав дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин ибодатгоҳ, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир асту бо номи масҷиди Сари Осиё маъруф аст, бар асоси бархе ривоятҳо таърихи 200 сола дорад. Домуло Маъруф Раҳимов, имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, ибодатгоҳи мазкур то омадани ҳокимияти Шӯравӣ се маротиба таъмир дида, ҳоло барои бори панҷум дар тарҳи нав бозсозӣ шудааст: “Вақте қисмати шарқу ҷануби онро барои бунёди масҷиди нав вайрон мекардем, меҳроби он дар се зина бунёд ёфта буд, ин аз он далолат мекунад, ки то аҳди Шӯравӣ cе маротиба таъмир дидааст. Қисматҳои дигари масҷид, ки ба он пайвастанд, замони баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд шудаанд”.

Имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, тарҳи нави масҷид аз ҷониби шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 2012 тасдиқ гардида, 19 майи ҳамон сол масҷиди қадима бардошта ва то аввалҳои соли 2014 сохтмони масҷиди нав ба итмом расид: “Ин яке аз аввалин масҷидҳои замонавие мебошад, ки дар тарҳи нави шаҳрдорӣ дохил шуда, дар сохтмони умумии он изофа гардид”.

ДОМУЛО МАЪРУФ ДАР БОРАИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ САРИ ОСИЁ




Масҷиди Сари Осиё аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, ҳамаи ошёнаҳо бо тарҳу ранги хосса кандакорӣ ва оро ёфтаанд. Ба гуфти Домуло Маъруф танҳо дар бинои асосии он дар як вақт то панҷ ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд.

Имом-хатиби масҷиди Сари Осиё мегӯяд, сохтмони масҷид бо кумаки мардум анҷом ёфтааст: “Корҳои сохтмонӣ бештар тавассути ҳашар сурат гирифтанд. Махсусан дар кандани масҷиди қадима ҳамарӯза наздики 80-100 нафар иштирок мекард. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ бо маблағи саховатмандону хайрхоҳон харидорӣ шуд. Бо ҷалби устоҳои чирадаст аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва Узбакистон тавонистем дар як муддати кутоҳ масҷидро ба тарзи замонавӣ бунёд созем”.


САЙРЕ БА МАСҶИДИ ҶОМЕИ САРИ ОСИЁ




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Офарин
Мошоолох Домулло ин кадар Зебо мухим он, ки аз минбари Пайгамбарамон шахси босавод ботакво ва нурони сухани Худою Расулро ба мардум мерасонад Ахсан

охират
Барои чи дар замони собик Эмом Хатиб, ин Масчид (Хонаи Худо) ин кадар зебо ва обод нашуд, Хайрон ва ачоибот!

Мухаммад
Точикони мукими узбакистон мегуфтед дурусттар мешуд чун ки хамаи мардони хунарманди узбакистон Точиконанд.

Dardoshno
Мухаммад,
Harfi bad bar lab ovardan khatost Kofaru mu'min hama khalqi khudost

Masjidu Islom va Musulmoniro ba zabon megiremu dar asl qavmu nazhodu millatparasti mekunem. Uzbaku Tojiku ...... Barodaroni ahli Islom sokhtand vassalom!!!!!

Рост
Барои оне, ки дар ин Масчиди Сари Осие Домулло Саидчалол собик Ректори Донишкадаи исломи Эмом хатибии ин Чои мукаддасро ба ухда дошт!

абумуслим
Бисйор зебо
Худованд созандагонашро дар панохаш нигах дорад..
Аз чумла Зайд Саидовро ки кумаккунандаи асоси дар сохтумони ин масчиди зебо буд..ва у хамеша дар инчо намоз мегузошт..У ин корашро хкле махфи внчом додааст..Худованд кумакаш кунад...вокеан Худованл шахсони махбубашро имтихон мекунад..Монади Хазрати Юсуф ва монанди Имом Аъзам ки барли кабул накардани мансаб ва эътироз ба тарзи идораи кишвараш зиндони шудАз Худованд мехозем ки ниназбони Зайд Саидов маъуби худ бошад..

кАЮМ
хОЛО ИСТЕД МЕГУЯНД ИН МАСЧИДРО аБДУКОДИРЗОДА СОХТААСТ

МУСЛИМ
Э Шумо и Масчид равен, мехохен, ки дар даруни Масчид чилла шинед, Худованд хайри саховатмандора кабул кунад!

Хак
Абдукодирзода барои чи
Саидчалол собик Ректори Исломиро
дар ин Масчид Эмом таьин кард? Барои оне, ки Мардуми
ин махалла
Аксарашон сохиби мол ва тичорат мебошанд!

али
Зеботарин масчидро Абдучалол Салимов (Худо нигахбонаш бошад) дар нохияи Вахш сохтааст.

Огох
Бо диккат матнро хонед, дар назар Саидчалол собик Ректор исломи дарч шудаги, на Абдучалол Салимов!

Точик
Ичозати сохтмони масчидро ду соли дароз имоми собики ин масчид Эшони Хабибулло Аъзамхон ки бист сол зиедтар имом хатиби масчид буданд даводав намуда анчом доданд. 70% корхои сохтмониро Эшони Хабибулло бо ердами ахли махалла хусусан акаи Мухаммади, сохиби магозахои мебел хастанд анчом доданд. Эшони Хабибуллоро бахотири чояшро гирифтан тухмат намуданд ки гуе чубхои аз масчиди кадими кандашударо бурдааст бо фармони шахсии Убайдуллоев би дуни таштиш аз кор гирифтанд. Чояшба ректори собики Институти Исломи ки аз сабаби дипломи калбаки доштанаш аз кор гирифта будандаш, бо номи Саидчалолро таъйин намуданд. Мардум норозиги зиед намуданд, мачбур шуданд аз кор гирифтанд ба чояш Мулло Маъруфро ки аз Шурои Уламо бекор монда буд бо супориши Убайдуллоев таъйин намуданд. Ба мардум гуфтанд ки агар норози шавед масчидро мебандем. Аксари харочоти сохтмонро Зайд Саидов пардохт намудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)