Бахшҳо
13 ноя 2014 15:20Тоҷикистон / Сиёсат

Песков “беодобӣ”-и Путин нисбат ба зани Ҷинпинро шарҳ дод (ВИДЕО)

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия “ғамхорӣ”-ии раисашро дар ҳаққи зани Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин, ки тибқи анъанаҳои ин мамлакат беодобист, шарҳ дод.

“Анъана бошад набошад, зан бошад набошад, ки хунук ҳама як хел мехӯранд. Он, ки Путин зани Син Ҷинпинро ба рӯймол печонд, як амали муқаррарист, ки ба ҷояш ба фикрам ҳар каси дигар ҳам чунин мекард. Дигараш-ҳама муҳокимаю баҳсҳои бефоидаанд, ки аз сафсатаю ёвагӯӣ беш нестанд.”-гуфтааст Песков ба расонаҳои Русия.

Ба гуфтаи Песков он ҳангомае, ки гирди амали Путин нисбати зани Ҷинпин дар Русия аст, дар фазои иттилоотии кишварҳои дигар вуҷуд надорад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия шоми 10-уми ноябр, вақте Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин машғули суҳбат бо ҳамтои амрикоияш, Барак Обама будааст, ба нияти гарм кардани ҳамсари Син Ҷинпин ӯро ба рӯймол печондааст, ки тибқи арзишҳои чинӣ беодобии бузург аст. Ин ҳолат шоми 10-уми ноябр, вақте иштирокдорони ҳамоиши "Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором" ё худ АТЭС барои тамошои оташбозӣ ба варзишгоҳи олимпии Пекин ҷамъ омада буданд, сурат гирифтааст. Расонаҳо менависанд, ҳаво шоми 10-уми ноябр дар Пекин салқин буд ва Путин ҳамсари Син Ҷинпинро бо рӯймол печонд. Аммо ҳамсари раисиҷумҳури Чин ҳамагӣ баъди чанд лаҳза рӯймолро гирифта, либоси ғафсро аз дасти муҳофиз гирифта ба бар намуд.

Ин ғамхории Путин аз рӯи фаҳмишу арзишҳои чинӣ як беодобӣ маҳсуб меёбад, зеро тибқи анъанаҳои чинӣ марди бегона дар ягон ҳолат ҳаққи расидан ба занро надорад. Телевизионҳои марказии давлатии Чин ин ҳолатро ба навор гирифта, чанд бор намоиш додаанд, аммо баъди нороҳатии мансабдорони воломақоми чинӣ наворро пурра ҳазф намудаанд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ЗАНИ ХУШБАХТ БУДААСТ, ЧУНКИ ХУДИ АБАРДМАРД УРО УРО ЭХТИРОМ КАРД.

Хонанда
Шахри якчашма рафтед якчашматонро пушед. Баъдан мучаррад гаштани мард, худ заъфест, ки эхсоси нобовари ба уро зиёд мекунад. Боз хам вакте рохбари як давлати калон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)