Бахшҳо
14 ноя 2014 10:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Андозбандиҳои зиёд замина барои инқилобҳо мешавад”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр дар Кохи Борбад дар вохӯрии худ бо соҳибкорони кишвар иброз дошт, ки “Соҳибкорон ва сармоягузорон нерӯи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, чун қувваи созандаву бунёдкори он эътироф шудаанд”. Дар ин сӯҳбат ҳамчунин иброз дошта шуд, давлати Тоҷикистон барои беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамаи чораҳоро андешида, ҳимояи ҳифзу ҳуқуқи соҳибкорон ва моликияти онҳоро дар ҷойи аввал мегузорад. Воқеан гуфтаҳои мазкур далел бар онанд, ки агар сиёсати пешгирифтаи президенти кишвар дар рушди соҳибкорӣ дар амал татбиқ шавад, фазои сармоягузориро дар мусоид сохта, барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ шароити муносиб фароҳам месозад. Вале аз сӯҳбат бо соҳибкорону сармоягузорон ба хулосае омадан мукин аст, ки амалия баръакси татбиқи ин гуфтаҳоро дар фаъолияти баъзе аз мақомоти давлатӣ нишон медиҳад ва рафтори онҳо гӯиё бар зидди сиёсати расмии президенти кишвар роҷеъ ба дастгирии соҳибкорӣ нигаронида шудааст.

Баъзе соҳибкорон бар он андешаанд, ки “сиёсати пешгирифтаи мақомоти андози Тоҷикистон бо тафтишоти такрор ба такрору андозбандиҳои барзиёд ва ҷаримабандиҳои ҳангуфт на танҳо дар ҷалби сармоягузории хориҷиву ватанӣ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад, балки чунин ба назар мерасад, ки бар зидди рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст”. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи ду соли охир, баъди кабули Кодекси нави андоз дар судҳои иқтисодии кишвар баҳсҳои ҷиддӣ байни мақомоти андоз ва ширкатҳои хурду миёна ва бузурги андозсупоранда идома доранд. Тибқи нишондоди Раиси Кумитаи андози кишвар, ки дар нишасти матбуотии моҳи июл иброз дошта буд ва чанде пеш сомонаи Радиои Озодӣ низ роҷеъ ба он маводи таҳлилие пахш намуд, “танҳо тӯли шаш моҳи соли равон, ширкатҳо алайҳи 250 қарори Кумитаи андоз эътироз намуда, барои бекор кардани он ба суди қитисодии кишвар муроҷиат кардаанд”.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз ҷой доштани қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ дар фаъолияти масъулини мақомоти андоз дар судҳои иқтисодии кишвар қариб ҳамаи баҳсҳо ба манфиати мақомоти андоз ҳал мешаванд, ки ин рейтинги судҳои иқтисодиро дар миёни соҳибкорони ватаниву хориҷӣ паст намуда, ҳисси нобовариро ба ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистонро афзоиш додааст. Бо назардошти чунин қарорҳои яктарафа, дар сӯҳбатҳои хоса соҳибкорону коршиносон иброз медоранд, ки дар асл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи мустақилияти ҳокимияти судӣ таъмин нест. Ба қавли баъзе соҳибкорон баҳсҳо асосан сари андозҳое идома доранд, ки мӯҳлати даъвои онҳо гузашта, борҳо аз тарафи мақомоти андоз тафтиш шудаву хатоиҳои ёфташуда бартараф карда шудаанд. Чунин баҳсҳо аз ҷумла бо ширкатҳои бузурги сохтмонӣ, кафшу истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ҷустуҷӯйҳои геологӣ, коркарди металҳои ранга ва қимматбаҳо, ашёи хом, меҳмонхонаҳои ба талаботҳои ҷаҳонӣ посухгӯ, ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва ғайра то ҳанӯз идома доранд. Суоли матраҳ он аст, ки чаро додгоҳҳо соҳибкоронро дастгирӣ намекунанд ва даъвоҳои онҳоро аксар вақт рад мекунанд? Сабаби инро Бузургмеҳр Ёров, роҳбари коллегияи адвокатҳои “Сипар” дар ozodi.org шарҳ дода, иброз медорад, додгоҳҳои Тоҷикистон дар тасмимгириҳои хеш ҳангоми судури ҳалнома мустақил нестанд ва аз ин рӯ, дар аксарияти маврид ба нафъи идораҳои давлатӣ ҳукм мебароранд. Вай мегӯяд: “Дар 99 дарсади ҳолатҳо парвандаҳои иқтисодӣ ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал мешавад. Намояндагони додгоҳҳо дар сӯҳбатҳои алоҳида мегӯянд, ки аз тарафи давлат супориш гирифтаанд, ки манфиати Кумитаи андоз ва умуман давлатро ҳимоя кардан даркор. Аз ин рӯ, дар аксарияти ҳолатҳо қонун як сӯ мемонад”.

ТАЪМИН НАШУДАНИ АДОЛАТИ СУДӢ МОРО ТО КУҶО МЕБАРАД?

Соҳибкорони алоҳида иброз медоранд, ки дар Тоҷикистон соҳибкорону сармоягузорон бояд эҳтироми махсусеро дошта бошанд ва ҳама мақомоти давлатӣ аз ҷумла мақомоти ҳуқуқ бояд пеш аз ҳама манфиати онҳоро ҳимоя кунанд. Дар миёни кишварҳои ИДМ ва ҳатто берун аз он Тоҷикистон кишварест, ки соҳибкоронаш баландтарин андозро пардохт мекунанду 85- дар сади буҷаи кишвар низ маҳз ба туфайли андозҳои месупоридаи онҳо пур карда мешавад. Вақте аз баландии андоз ва оқибатҳои он пурсон мешавем соҳибкорон ҷавоб медиҳанд, ки “мо ҳатто ба супоридани андози баланд одат кардем ва ифтихор мекунем, ки саҳми мо дар болоравии сатҳи зиндагии мардум ва кам шудани сатҳи камбизоатӣ бештар аз саҳми давлат аст. Чизи аз ҳама ташвишовар он аст, ки новобаста ба дастгирии сарвари давлат ва пуштибонии ӯ аз соҳибкорону сармоягузорон муносибати мақомоти андоз сол ба сол нисбат ба мо тундтару рафтори тафтишгаронаш ба рафтори муфаттишон монанд мешавад ва бар ивази андозҳои гарон бар сари соҳибкорон андозҳои сарбориву ҷаримабандиҳоеро роҳандозӣ мекунанд, ки ба ақли инсон рост намеояд. Мо барои дифои ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат мекунем, вале мақомоти судӣ ҳам таклифу дархостҳои соҳибкоронро ба инобат намегиранд ва даъвоҳои қонунии моро алайҳи фаъолияти ғайриконунии мақомоти андоз рад мекунанд ва ин боиси афзоиши норозигии зиёди соҳикорону сармоягузорон гардидааст”.

Соҳибкоре бо номи Ҷамолиддин иброз медорад, “агар дар кишвар судҳои одилона амал мекарданду мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонистанд, шояд норозигӣ камтар мешуд ва эътимод ба адолати судӣ барқарор мешуд”. Ҷамолиддин бо афсӯс илова мекунад, ки “маҳз ҳамин сарфи назар намудани даъвоҳои соҳибкорон ва баровардани қарорҳои яктарафа ба фоидаи мақомоти давлатӣ мақомотро боз шердилтар кардаву имрӯз ба қонуншиканиҳо роҳ дода истодаанд. Соҳибкорон ба дараҷае расидаанд, ки маҷбуранд новобаста ба қонуншиканиҳои мақомоти андоз ба суд муроҷиат накарда, бештар бо роҳи гуфтушунид ба худи мақомот ин баҳсро ҳал намоянд”. Вагарна ба қавли соҳибкори дигар “агар судҳо ба таври воқеъбинона қарорҳои худро бароранд, шояд даъво алайҳи қарорҳои мақомоти андоз на 250, балки бештар аз он шавад. Сабаби муроҷиат накардан ба суд маҳз нобоварӣ ба судҳо аст”.

Шояд агар қарорҳо воқеъбинона бароянд ҳатто худи тафтишгарони Кумитаи андоз ҳам кӯшиш кунанд, ки камтар ба конуншиканӣ роҳ диҳанд. Воқеан агар онҳо донанд, ки қарорҳои беасосашон дар суд бекор карда мешавад, эҳтиёткорӣ мекунанд, вале вақте медонанд, ки новобаста ба хатоиҳои зиёд қарори онҳо дар суд тасдиқи худро меёбад, ба ҳар тавре ки мехоҳанд, онро пур мекунанд. Ин нуктаро ҳам коршиносон ва ҳам ҳуқуқшиносони варзида дар сӯҳбатҳои алоҳида тасдиқ намуда изҳор медоранд, ки ҳалли 99 дар сад баҳсҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба фоидаи ниҳодҳои давлатӣ кайҳо ба як анъана даромада, боиси норозигии аҳли ҷомеа гардидааст.

АНДОЗИ БАЛАНД ЧУН ОМИЛИ АФЗОИШИ ЭЪТИРОЗҲО

Бояд қайд кард, ки маҳз андози баланд ва риоя нашудани адолати судӣ дар ҷомеа ҳамеша боиси афзоиши инорозигиҳо ва эътирозҳо мегардад. Таърихи тамаддуни башарият эътирозҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки маҳз бо афзоиши андоз ба амал омада, оқибатҳои ногувореро ба вуҷуд овардааст. Набояд ба хотири пур намудани буҷа қонун сарфи назар гашта, заминаи шикастану аз байн рафтан ва ба муфлисшавӣ гирифтор шудани як зумра субъектҳои хоҷагидори амалкунанда фароҳам оварда шавад. Агар талаботи қонунгузориҳои кишвар ба инобат гирифта нашавад, вазъи ногувореро метавонанд ба вуҷуд оварад, ки раванди эътидол дар кишвар халалдор шавад.

Таърих инқилобҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки маҳз андозбандиҳои зиёд замина барои пайдоиши онҳо гардидааст. Яке аз чунин инқилобҳо “Инқилоби бузурги буржуазии Фаронса аст, ки 14 июли соли 1789 ба амал омада, боиси ғасби қалъаи Бастилия гардида буд. Дар ин рӯз сокинони Париж, ки сиёсати давлат вобаста ба андозбандии нобарор ба дод омада буданд, ба кӯча баромада, ба қалъаи Бастилия расиданд. Забти қалъа ҳамагӣ чор соат идома ёфта шоҳро маҷбур намуд, ки гузашт намояд. Шӯриши Восеъ ҳам бевосиат алайҳи сиёсати андозбандии амир ба вуҷуд омада, дар ниҳоят боиси эътирози шадиди деҳқонон гардида буд. Коршиносон инқилоби охирини Украинаро низ маҳз аз болоравии андоз ва сатҳи баланди коррупсия дар ин кишвар медонанд, ки дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Дар Тоҷикистон ҳам баъди қабули Кодекси нави андоз дар ду бозори бузургтарини кишвар дар Суғду Восеъ коршикании соҳибкорон ба вуҷуд омад, ки боиси аз кор гирифтани раиси ноҳияи Восеъ гардид, вале ҳеҷ гузаште ба соҳибкорон сурат нагирифт.

Ҳуқуқшиносон ва коршиносони алоҳида яке аз роҳҳои асосӣ ва барқарор намудани адолати судиро дар баланд бардоштани сатҳи касбии мақомоти судӣ медонанд. Соҳибкоре бо номи Абдураҳмон иброз медорад, ки агар дар кишвар адолати судӣ таъмин бошад, соҳибкорон аз қарорҳои нодурурсту андозбандиҳои ғайриқонунӣ наметарсанд. Зеро дар чунин сурат онҳо медонанд, ки ҳатто мақомоти андоз онҳоро ноҳақ андозбандӣ карда наметавонанд. Онҳо метавонанд дар чунин ҳолатҳо ба воситаи судҳо ҳуқуқҳои поймолшудаашонро барқарор намоянд. Аммо имрӯз соҳибкорони мо чунин имкониятро надоранд. Ба қавли Санавбар Абдуллоева, соҳибмулки бозори “Ином”-и Шаҳритус судяҳо мегӯянд, ки “шумо ҳақ ҳастед...”, аммо “аз дасти мо чӣ меояд”. Вақте аз дасти судяҳо, ки ягона мақомоти таъминкунадаи адолат ба ҳисоб мераванд, “чизе намеояд”, пас ки бояд адолатро барқарор созад ва сиёсати пешгирифтаи президенти кишварро дар амал татбиқ созад?

Омӯзиши мақолаҳои ВАО ва сӯҳбат бо соҳибкорону сармоягузорони зиёде нишон медиҳад, ки агар андозбандиҳои барзиёду ҷаримабандиҳо чунин идома ёбанд, метавонад оқибатҳои ногувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиро ба бор оварад ва ҳисси яъсу ноумедӣ ва нобовариро ба ҳукумати кишвар, волоияти қонун ва таъмин будани ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон зиёд намояд. Михаил Петрушков, роҳбари Маркази ҳимояи бизнес дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ишора мекунад, ки афзудани шумораи баҳсҳои додгоҳии тоҷирон ва ширкатҳои алоҳида бо Кумитаи андоз аз бурузи як бӯҳрони системавӣ дарак медиҳад. Умедворем ин “бӯҳрони системавӣ” ба зудӣ ислоҳ шуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи президенти кишвар ва дар ҳаёт татбиқ шудани ҳадафҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа мусоидат мекунад.

Равшан ИСМОИЛОВ


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Шояд айб дар Кодекси андоз ва Судияхо набошад. Ба фикри ман айб дар андозсупрандагон ва андозчамъкунандагон хаст. Омилхои гаразноки исони аз харду чониб.

То он рузе, ки дар кишвар адолати суди таъмин нагардад ва ба моликияти сохибкорон кафолати хаматарафа дода нашавад, норозиги боки мемонад. Барои ин пеш аз хама мустакилияти суди ва итоати судя ба Сарконун зарур аст, ки ин харду дар мо нест

Катор
Кодекси андози ЧТ-ро мутобик ба конунхои байналмилаи кардаанд аммо касе намегуяд, ки дар давлатхои дунё корхонахои азими саноати кор мекунанд ва аз онхо андоз мегиранд. Дар мо чи аз чор сохибкоре, ки чизе истехсол намекунанду танхо ворид мекунан хар сари чанд вакт ба кодекси андоз тагирот медароранд, албата ин омил сабаби норозигии сохибкорон мегардад.

Хак бар чониби Мехр аст. Айб на дар Кодекси андоз, балки дар муносибати сарди макомоти андоз ва кассосгирихои пай дар паю фасодзадагии онхост. Ширкатхои бузургро даххо маротиба андозбандиву чаримабанди мекунанд, аммо ширкатхои худи аз андоз озоданд.
Барки точик ва Талко муфлбор каржда истодааст.
Агар дар кишвари мо адолати суди вучуд медошт ва даъвои сохибкорон дар асоси конун барраси мешуд, он гох хеч бенозимие намешуд.
Окибаташро нек кунад. алхол 90 дар сади сохибкорон аз сиёсати нодурусти пешгирифтаи имакомоти андоз норозиянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)